Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯён аз Тоҷикистон то куҷоҳо рафтаанд ва мераванд? ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон ҳазорҳо тоҷикистонӣ дар ҷустуҷӯи макони амн ва зиндагии беҳтар дар кишварҳои хориҷӣ паноҳанда шуданд. Бархе аз онҳо бо беҳтар шудани вазъият ба кишвар баргаштанд, аммо теъдоде зери фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ боз ҳам пешаи паноҳандагиро интихоб карданд. Ҳамакнун садҳо ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки навъе аз паноҳандагони иқтисодӣ дониста мешаванд.

Раванди паноҳҷӯии тоҷикистониҳо баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, ба гуфтаи соҳибназарон, то ҳол идома дорад. Нахуст, дар оғози даҳаи 1990 аққалиятҳои миллии Тоҷикистон ба мисли рустаборҳо ва яҳудиён кишварро тарк карданд. Даҳҳо ҳазор сокини Тоҷикистон дар Афғонистон паноҳ бурданд ва аксарият бо имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ба ватан баргаштанд. Аммо, теъдоде аз бозгашт ба ватан худдорӣ карданд.

Як сол баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ чеҳраҳои фарҳангиву мутахассисон дар ҷустуҷӯи макони амн дар хориҷ паноҳанда шуданд. Дар миёни ин афрод шоири машҳури тоҷик Бозор Собир низ буд, ки баъд аз солҳои зиёд ба ватан баргашт, аммо дар Амрико фавтид ва ҷанозааш ба Душанбе оварда шуд.

Равшан Темуриён, яке аз фаъолони ҳаракати озодихоҳӣ дар Тоҷикистон баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Канада паноҳанда шуд. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ман ва хонаводаам дар Канада муқим шудем ва то ҷое худро муваффақ медонем. Ин кишвар барои ман ва хонаводаам корҳои зиёдеро анҷом дод. Фарзандонам яке донишманди соҳаи дорусозӣ шуд ва дигарӣ тоҷири муваффақ аст. Аз ин беш хушбахтии дигар вуҷуд надорад. Мо шукргузорем, ки давлати Канада моро истиқбол кард ва ба чунин рӯзҳои нек оварда расонд”.

Паноҳҷӯён аз Тоҷикистон то куҷоҳо рафтаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Абдуманнон Шералиев дар Тоҷикистон машғули соҳибкорӣ буд, вале ба гуфтаи худаш дар пайи фишорҳои мақомот соли 2015 кишвар тарк кард. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ вай гуфт, ки дар ин муддат дар чаҳор кишвар зиндагӣ кардааст ва шояд ин амр сабаб шудааст, ки дар тӯли ҳафт сол наметавонад худро нафари муваффақ дар муҳоҷират ҳисобад: “Аммо, барои шахсе, ки худро озодидӯст меҳисобад, беҳтар аз озодӣ арзиши дигаре нест.”

Ба эътиқоди Абдуманнон Шералиев, феълан низ муҳоҷират ва паноҳандагӣ аз Тоҷикистон идома дорад ва ҳоло фаъолони сиёсиву шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон кишварро тарк мекунанд. Солҳои ахир теъдоде аз ҷонибдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва гурӯҳҳои мамнӯи исломӣ дар хориҷ аз кишвар паноҳанда шуданд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик низ бар ин назар аст, ки раванди паноҳҷӯӣ дар хориҷ Тоҷикистон то ҳол қатъ нашудааст: “Баъд аз ғалабаи “Фронти халқӣ” дар ҷанги дохилӣ намояндаҳои манотиқи зери нуфузи мухолифон асосан ба кишварҳои пасошӯравӣ паноҳ бурданд. Баъд аз анҷоми ҷанги дохилӣ раванди паноҳҷӯии тоҷикистониҳо тақрибан аз байн рафт. Аммо, падидаи наве пайдо шуд, ки онро муҳоҷирати корӣ ном мебаранд. Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар садҳо ҳазор нафар аст.”

Комиссариати Олии Созмони Милал Дар Умури Паноҳандагон мегӯяд, соли 2021 теъдоди афроди паноҳҷӯ дар ҷаҳон ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки роҳҳалҳои мавҷуда барои кӯмак ба ин қишри мардум дигар кифоят намекунад. Дар гузориши тозаи ин ниҳод гуфта шудааст, ки шумори мардуме, ки маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунад, дар соли 2021 ба дараҷаи рекордӣ расид ва ин мардум аксаран аз таъқиб, низоъ, хушунат, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва ҳам ҳодисаҳои вобаста ба беназмиҳо рӯ ба гурез овардаанд. Танҳо аз Украина бештар аз 8 миллион нафар гурехтаанд.

XS
SM
MD
LG