Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия “дӯст”-и тоҷики террористи Стокҳолмро истирдод кард. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо гумони фаъолиятҳои экстремистӣ аз Шветсия ба Литва истирдод шудааст, аз мақомоти ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард. Аризаи ин шахс қабул шудааст ва дар наздиктарин фурсат мақомоти муҳоҷирати Литва тасмим мегиранд, ки то куҷо ин фард метавонад дар Литва бимонад ва аризаи паноҳандагиаш баррасӣ шавад. Дар сурати адами қабули аризаи ин шаҳрванди Тоҷикистон, ӯ аз қаламрави Литва истирдод хоҳад шуд.

"Аллакай кор аз рӯи ин ариза шурӯъ шудааст"

Дар ҳоле ки мақомот ҷузъиёт намедиҳанд, як вебсайти маҳаллӣ навишт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон Алишер Тошев, соли таваллудаш 1978, мебошад.

Гедрюс Мишутис, раиси шӯъбаи ҷилавгирии Хадамоти ҳифзи сарҳадоти Литва, рӯзи 1-уми сентябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Вилнюс гуфт, аз рӯи муқаррарот дар сурати бо дархости паноҳандагӣ дар Литва муроҷиат кардани шахсе маълумоти хусусии ӯ, аз ҷумла исмаш фош намешавад.

Вале ӯ гуфт, "ҳодисаи дирӯз аз Шветсия ба Вилнюс интиқол ёфтани як шаҳрванди Тоҷикистон воқеият дорад. Ин шахс баробари расидан ба Вилнюс ба кормандони хадамоти марзбонӣ аризаашро таслим кардааст, ки мехоҳад дар хоки Литва паноҳанда шавад. Аллакай кор аз рӯи ин ариза шурӯъ шудааст. Салоҳияти баъдии кор дар дасти департаменти муҳоҷират аст. Ин хориҷӣ дар муассисаи нигаҳдошти афроди аризадода барои гирифтани паноҳандагӣ ҷой карда шудааст”.

Шветсия “дӯст”-и тоҷики террористи Стокҳолмро истирдод кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00
Линки мустақим

"Маълумот дар бораи паноҳанда эълон намешавад"

Гедрас Машутас гуфт, ин фард бо қарори ҷониби Шветсия истирдод шудааст, вале дар заминаи эҳтимоли мавриди ҷустуҷӯ қарор доштани ин фард дар Тоҷикистон маълумот надорад. Ӯ гуфт, ки қарори қабули аризаи паноҳандагии ин мард дар фурсати кӯтоҳ қабул мешавад ва дар сурате, ки мақомот барои баррасии дархости ин шахс изҳори омодагӣ кунанд, ӯ ба шаҳри Пабрадеи воқеъ дар 50-километрии Вилнюс ба муассисаи нигаҳдошти афроди паноҳҷӯ интиқол меёбад. Ҷараёни баррасии қазия чандин моҳро дар бар мегирад.

Як масъули департаменти муҳоҷирати Литва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди ин қазияро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ниҳод ҳеҷ гуна маълумотро дар бораи шахси аризандиҳанда бино ба сабаби махфӣ будани кори онҳову муштариҳо фош намекунад.

Матбуоти Литва навишт, ки ӯ Алишер Тошев аст

Литва бо Беларус ҳаммарз аст ва он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти паноҳанда шудан дар Аврупоро доранд, гоҳо ба Беларус омада, талош мекунанд ба Литва роҳ ёбанд. Вале ҳамсояи дигари Беларус – Полша дар ду соли охир нуқтаи умдатарини пазириши паноҳандаҳои тоҷик шудааст.

Дар ҳоле ки мақомот ҷузъиёт намедиҳанд, вебсайти маҳаллии Delfi.lt навишт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон Алишер Тошев, соли таваллудаш 1978 мебошад. Ба навиштаи ин нашрия, Тошев баъди он истирдод шуд, ки мақомоти Шветсия дар чаҳорчӯби баррасии ҳамлаи террористӣ дар Стокҳолм ин шахсро боздошт ва ба Вилнюс, ба хотири дар шиносномааш доштани визаи Литва истирдод карданд. Аллакай мушаххас шудааст, ки ин виза соли 2016 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо кумаки як ширкати туристӣ ва барои муддати кӯтоҳ гирифта шудааст.

"Тошев дар ҷустучӯ набуд"

Як масъули сохторҳои интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ рӯзи 1 сентябр гуфт, ки шахсе бо исми Алишер Тошев дар феҳрасти афроди мавриди пайгард қарор надорад. Ин манбаъ гуфт, ки тобистони ҳамин сол сохторҳои интизомии Шветсия як дафъа бо дархосте ба Тоҷикистон муроҷиат карда хостанд, ки ҳуввияти Тошевро барои онҳо мушаххас кунанд, вале баъди ин ҳеҷ дигар савол ё дархосте нашуд.

Пайванд бо ҳодисаи Стокҳолм?

Раҳмат Оқилов
Раҳмат Оқилов

Хабаргузории литвонӣ менависад, ки Тошев бори аввал баъди пахши матолиби хушунатомез ва таблиғоти ифротии мазҳабӣ мавриди таваҷҷӯҳи хадамоти махсус, вале баъди ҳамлаи террористӣ ба Стокҳолм дар рӯзи 7-уми апрели имсол бештар мавриди шубҳа қарор гирифт. Дар он ҳодиса шаҳрванди Узбакистон Раҳмат Оқилов, як тарафдори эҳтимолии гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” савори мошини борбаре ба сӯи издиҳоми мардум ҳаракат кард. Дар натиҷа, 5 нафар кушта шуда, 14 тани дигар маҷрӯҳ гардид. Тафтишот гӯё иртиботи Тошев ва Оқиловро мушаххас кардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки худи Тошев дар ин замина чӣ назар дорад ва то куҷо ӯ воқеан ҳам дар ҳодисаи ҳамла ба Стокҳолм даст дорад. Оқилов, ки дар ҷараёни пурсишҳои аввалия ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфтааст, ки амри анҷоми ҳамлаи террористиро аз ҷангҷӯёни узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” гирифта, қарор буд ҳангоми бархӯрд бо издиҳоми одамон маводи таркандаи дохили мошини борбар ба кор медаромад. Вале таркиш нашуд ва худи ҳамлагар ҳам зинда боздошт гардид. Дар пай полиси Шветсия гуфт, ки як нафари марбут ба ҷангҷӯёни чечентаборро ҳам аз рӯи ин қазия боздошт кардааст.

Ҳанӯз мақомоти тоҷик дар ҷустуҷӯ будани шахсеро бо номи Алишер Тошев тасдиқ ё рад намекунанд.

Литва, Полша...

Шветсия. Мошине, ки бо он амали террористӣ содир шуд
Шветсия. Мошине, ки бо он амали террористӣ содир шуд

Мақомот дар Литва мегӯянд, ҳодисаҳои монанди истирдод ё боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷараёни транзит ё убури қаламрав бо гумони содир кардани гуноҳе кам иттифоқ меафтад.

Литва, як ҷумҳурии Шӯравии собиқ, узви Иттиҳоди Аврупо буда, ба ҳайси як қаламрави транзитӣ барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Аврупои Ғарбӣ ваё хариду фурӯши мол ба Тоҷикистон ва берун аз он истифода мешавад. Литва як макони дигари зисти паноҳандагони тоҷик ҳам шудааст, ки бо далелҳои иқтисодӣ ваё маҳдудиятҳои сиёсӣ Тоҷикистонро тарк карда, дар Аврупо паноҳанда мешаванд.

Литва бо Беларус ҳаммарз аст ва он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти паноҳанда шудан дар Аврупоро доранд, гоҳо ба Беларус омада, талош мекунанд ба Литва роҳ ёбанд. Вале ҳамсояи дигари Беларус – Полша дар ду соли охир нуқтаи умдатарини пазириши паноҳандаҳои тоҷик шудааст.

Дар миёни онҳое, ки бо мақоми паноҳандагӣ ва ҳам номзад ба паноҳандагӣ дар Аврупо ба сар мебаранд, собиқ аъзои гурӯҳ ва созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи сиёсӣ, назири “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд. Ин афрод бо макони зисти муваққаттӣ, маблағи муайян ва дарсу курсҳои омӯзишӣ таъмин мешаванд, бархе бо аъзои оилаашон ба сар мебаранд. Мақомоти Полша гуфтаанд, ки соли 2016 – 539 шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша ё Лаҳистон соҳиби паноҳгоҳ шуда, дархости беш аз 3000 нафари дигар рад шудааст.

XS
SM
MD
LG