Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани тоҷик ба "фурӯхтан"-и занон дар Туркия муттаҳам шудааст


Амалиёти боздошти гумонбарон ба қочоқи инсон дар Туркия. Акс аз бойгонӣ
Амалиёти боздошти гумонбарон ба қочоқи инсон дар Туркия. Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон ба зидди як зан бо гумони одамрабоӣ парванда кушодааст.

Мақомот сокини 28-солаи шаҳри Турсунзодаро ба он муттаҳам карданд, ки баъзе аз занони тоҷикро бо баҳонаи кор ба Туркия бурда, “ба танфурӯшӣ маҷбур намуд”.

Гумонбарро маъмурони милиса ду моҳ пеш дастгир кардаанд. Назари наздикону вакили мудофеи ӯ дар пайванд ба қазия маълум нест.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфт, “Г.Г. давоми чаҳор моҳ чанд занро бо баҳонаи кори хубу сердаромад ба шаҳри Яловаи Туркия бурда, ба мардони миллаташон гуногун савдо кардааст.”

Як мусоҳиби мо дар вазорат рӯзи 9-уми май гуфт, “зан ва шарики туркаш Юсуф, машҳур ба тахаллуси Ота, занони ҷавонро ба фоҳишагӣ маҷбур намуда, аз ҳар кадоме онҳо то 6-ҳазордолларӣ фоида гирифтаанд”.

Туркия пас аз Русияву Қазоқистон кишвари нисбатан дастрас барои кору зиндагӣ ва тиҷорати шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, то даҳ ҳазор тоҷикистонӣ дар онҷо кору иқомат мекунанд. Онҳо ҳақ доранд, бе виза ба Туркия раванд.

Баъзе аз онҳое, ки қурбонии одамрабоён ва мавриди истисмори шаҳвонӣ дар кишварҳои хориҷ қарор гирифтаанд, мегӯянд, маҳз пешниҳоди кори хубу сердаромад онҳоро ба ин роҳ бурдааст. Як зани 33-солаи тоҷик бо номи У.С. мегӯяд, ду сол пеш маҳз дар ҷустуҷӯи кори хуб дар Туркия қурбонии истисмори шаҳвонӣ шуда буд.

“Як зани миёнсол гоҳ-гоҳе ба назди мо меомад ва аз хадамоти кошонаи ҳусне, ки онҷо кор мекардам, истифода мебурд. Мегуфт, тоҷир асту аз Дубай ва Туркия мол меорад. Ман бо як кӯдак аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаи падару модар мезистам. Пешниҳод кард, ки барои овардани бор аз Туркия мадад кунам. Ман розӣ шудам ва маро бурд.”

Ба нақли У.С. вақте ба Истанбул расиданд, шиносномаи ӯро бо баҳонаи харидани симкорт гирифта, баъдан ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст. “Се моҳ чунин ҳол доштам ва дар назарам мисли се сол гузашт. Сипас бо як духтари узбек фирор кардему бо ёрии як тоҷири тоҷик ва намояндаҳои сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба ватан баргаштам.”

Бино ба омори расмӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон даҳ парвандаи қочоқи одамонро баррасӣ кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико соли 2021 гуфт, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди ақалли байнулмилалӣ мутобиқ нест.

XS
SM
MD
LG