Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшинос: Муҳоҷирон набояд ба ҷанг раванд. ВИДЕО


Идомаи таҷовузи Маскав ба хоки Украина; маҳдуд шудани сафари мардон аз Русия ва таблиғот миёни муҳоҷирон барои рафтан ба ҷанг нигарониро дар миёни муҳоҷирони тоҷик ва шахсони дорои ду шаҳрвандӣ зиёд кардааст. То кунун садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ҳамзамон табааи Русия ҳастанд. Онҳо мепурсанд, агар ба артиши Русия даъват шаванд, чӣ кор кунанд ва агар ба ҷанг раванд, онҳоро чӣ ҷазо интизор аст?

Посухи ин ва суолҳои дигари корбарони Радиои Озодиро аз суҳбати Дилрабо Самадова, мудири созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” пурсидем.

Радиои Озодӣ: Пеш аз ҳама, созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи душаҳрвандӣ дар бахши хидмати ҳарбӣ чӣ муқарраротро пешбинӣ кардааст?

Дилрабо Самадова: "Дар созишнома омадааст, онҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, дар ҳар давлате, ки ҷойи зисти доимиашон аст (прописка доранд), ҳамонҷо ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Ҳарду давлат билети ҳарбии якдигарро эътироф мекунанд. Яъне, агар шаҳрванд дар Тоҷикистон хидмати ҳарбиро адо карда бошад, набояд дар Русия ба артиш даъват шавад. Ё баръакс агар дар Русия хидмати ҳарбиро адо кардааст, дар Тоҷикистон набояд дубора ба артиш ҷалб шавад."

Радиои Озодӣ: Моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон қонуни нави хидмати ҳарбӣ қабул шуд, ки бар асоси он ҷавонон метавонанд бо пардохти маблағ ва гузаштан аз даври якмоҳаи хидмат соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Як корбари Радиои Озодӣ пурсидааст, шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, агар дар Тоҷикистон давраи якмоҳаи хидматро ба анҷом расонда бошанд, оё дар Русия онҳоро дубора ба артиш даъват мекунанд?

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова: "Шахсоне, ки давраи хидмати якмоҳаро мегузаранд, билети ҳарбӣ мегиранд. Ҳамаи шахсоне, ки дар Тоҷикистон билети ҳарбӣ гирифтаанд, ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия даъват карда намешаванд. Баъзе ҳолатҳо аст. Масалан, яккаписарҳо ва онҳое, ки ду ё зиёдтар фарзанд доранд, дар Тоҷикистон аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озоданд. Онҳо дар ин бора танҳо маълумотнома мегиранд, вале дорандаи билети ҳарбӣ эътироф намешаванд. Дар Русия метавонанд, онҳоро ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд, чун қонунгузории Русия барои яккаписарҳо озодшавӣ ё ба таъхир гузоштани хидматро пешбинӣ накардааст."

Радиои Озодӣ: Яъне шахсе, ки дар Тоҷикистон хидмати ҳатмии ҳарбиро гузашта, соҳиби билети ҳарбӣ шудааст, дар Русия ба артиш даъват намекунанд, вале мумкин аст яккаписарҳо дар Русия ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд?

Дилрабо Самадова: "Бале."

Радиои Озодӣ: Ҳафтаи гузашта порлумони Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он сафари мардони синни хидмат ба хориҷаро маҳдуд мекунад. Баъд аз ин чанд тоҷикистонӣ, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, ба мо навиштанд, дар бораи маҳдуд шудани сафарашон ба хориҷа тариқи низоми “Госуслуги” огоҳӣ гирифтаанд. Яъне акнун шаҳрвандони Тоҷикистон ки ҳамзамони шиносномаи русӣ доранд, наметавонанд Русияро тарк кунанд?

Дилрабо Самадова: "Қонунгузории Русия пас аз ҷанг дар Украина тағйир ёфта истодааст. Бар асоси муқаррароти нави Кодекси ҷиноии ин кишвар, нафароне, ки ба хидмати ҳарбӣ ҳозир намешаванд ва ё аз он даст мекашанд, ҷазои сахттар мегиранд. Шаҳрвандони синни даъватӣ, ки ба воситаи низоми “Госуслуги” барои ҳозир шудан ба хидмат даъватнома гирифтаанд, онҳо аллакай уҳдадории ҳарбиро доро ҳастанд. Онҳо ҷойи зисти доимиашон Русия аст ва дар асоси қонунгузории ҳарбии Русия бояд ба хидмати ҳарбӣ даъват шаванд."

Радиои Озодӣ: Дар қонуни нави Русия омадааст, шахси даъватшаванда бояд дар давоми панҷ рӯз аз лаҳзаи гирифтани даъватнома ба Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия рафта, шиносномаи хориҷияшро супорад. Ин даъватнома метавонад электронӣ бошад. Тавсияи шумо ба тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро ҳам доранд, дар ин ҳолат чӣ аст?

Дилрабо Самадова: "Ба ғайр аз шаҳрвандӣ, шарти дигари ҳатмӣ барои ҷалб шудан ба артиш, қайди доимии ҷойи зист аст. Яъне ҳамчунон, ки дар боло гуфтам, бояд ҷойи зисти доимиашон Русия бошад. Танҳо шаҳрвандӣ бошаду ҷойи зисти доимиашон Тоҷикистон ё кишвари дигар бошад, онҳоро набояд ба хидмат даъват кунанд. Он нафароне, ки шаҳрвандиро доранд, ҷойи зисти доимиашон Русия аст, пас аз онки даъватномаро гирифтанд уҳдадор мешаванд, ба ҳамон ҷойи даъватшуда ҳозир шаванд. Агар ягон узр дошта бошанд, масалан, беморӣ ё дар дигар ҷой зиндагӣ мекунанд, бояд ҳозир шуда, ин ҳолатҳоро шарҳ диҳанд. Ба ғайр аз шаҳрвандӣ ва қайди доимии ҷойи зист, шахс бояд саломатии хуб дошта бошад."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, дар вақти гирифтани патент ё бақайдгузорӣ, мақомоти Русия онҳоро ташвиқ мекунанд, ки шаҳрвандии Русияро бо роҳи осон қабул карда, ба ҷанги зидди Украина раванд. Дар сурати қабули ин пешниҳод шаҳрвандони Тоҷикистонро чӣ оқибатҳои ҳуқуқӣ интизор аст?

Дилрабо Самадова: "Мо набояд аз хотир барорем, ки ин ҷанг, ҷанги мо нест. Душаҳрвандӣ барои осон кардани муҳоҷират ва ҳуҷҷатгузорӣ як иқдоми нек аст. Ман боварӣ дорам, ки ягон тоҷикистонӣ, ки душаҳрвандӣ дорад, ният ва умед надошт, ки дар ҷанги Русияву Украина омехта мешавад. Ин ҷанг ҷанги мо нест ва мо то ҳадди тавон бояд аз он даст кашем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки чунин пешниҳодҳо аст, аммо набояд ин пешниҳодро қабул кунем. Агар шаҳрвандиро бо роҳи осон қабул кунад, маънои онро дорад, ки Русия манфиатдор аст онҳоро дар ҷанг истифода барад. Ҷанг барои ҳарду тараф бад аст, метавонанд онҷо ҳалок ё захмӣ шаванд. Ман болотар гуфтам, ки шарти асосӣ доштани шаҳрвандӣ ва доштани ҷойи доимии истиқомат (прописка) дар Русия аст. Агар ин шартҳоро иҷро накарда, шартнома баста ба ҷанг раванд, новобаста аз онки аз кадом тараф ширкат мекунанд, онҳоро дар Тоҷикистон бо иттиҳоми зархаридӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

"Муҳоҷирон набояд ба ҷанг дар Украина раванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:10 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG