Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати "Тоҷик Эйр" (Tajik Air) ва мудири пешини Фурудгоҳи Душанбе, дастгир шуд.
Амри боздошти ӯро Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми май баровардааст.
Ду манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми май хабар доданд, ки Рустам Холиқов ба "азхудкунӣ ё исрофи маблағ", "сохтакорӣ" ва "қаллобӣ" муттаҳам аст.
"Амволу дороиҳояш низ феълан ба ҳабс гирифта шудааст. Парванда ба замони кораш дар ширкати "Тоҷик Эйр" пайванд дорад," – хабар дод яке аз манбаъҳо.
Мақомот дар бораи боздошти Рустам Холиқов хабар надодаанд. Мавқеи худаш ва наздикону вакили мудофеъ низ феълан дастрас нест.
Ҷузъиёти парванда маълум нест. Пештар як таҳқиқи Радиои Озодӣ маълум карда буд, ки як созиши бастаи Рустам Холиқов ба қарздор кардани ширкати "Тоҷик Эйр" сабаб гаштааст.
Ӯ аз соли 2008 то 2016 раҳбарии ширкати давлатии ҳавопаймоиро бар уҳда дошт.
Дар замони кораш "Тоҷик Эйр" як созишномаи шубҳабарангезеро бо ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" баста буд, ки дертар "Тоҷик Эйр"-ро беш аз 20 миллион доллар қарздор кард.
Дар тамоми зинаҳои додгоҳӣ ширкати литвонӣ пирӯз шуд ва ҳоло Тоҷикистон маҷбур аст, ин пулро бипардозад.
Аз ин пеш, моҳи августи соли 2019, Рустам Холиқов қабл аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда, вале баъдан раҳо шуда буд.
Соли 2020 ӯро дар телевизиони давлатӣ ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон намоиш доданд, ки дар шаҳри Ҳисор корхонаеро ба номи “Ситабр-Агро” кушод. Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешуд, ки ин корхона ба коркарди меваи хушк барои интиқол додан ба хориҷ таъсис ёфтааст.
"Тоҷик Эйр", ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон, солҳои дароз аст, ки мушкили молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, вазъи ширкат беҳ нашуд ва ҳавопаймоҳояш аз парвоз монданд.
Радиои Озодӣ соли 2021 дар як таҳқиқот муайян кард, ки ширкати “Тоҷик Эйр”, дар остонаи варшикастагии комил аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки “Тоҷик Эйр” аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.
Гуфтугӯ