Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории чанд мансабдор ва танбеҳи раисони Бонки милливу Хадамоти гумрук


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллӣ ва Хуршед Каримзода – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои "ба таври далхдор иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ва мансабӣ" расман танбеҳ гирифтанд. Амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 14 май содир шуд.

Бо айни "иттиҳом" се муовини раиси Бонки Миллӣ, аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти Тоҷикистон ва се муовини раиси Хадамоти гумрук низ ҷазо гирифтанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, рӯзи сешанбе сардори Оҷонси суғурати иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо тамоми муовинонаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Дилмурод Давлатзода, раиси пешини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон омадааст.

Муҷозоти ин мансабдорон дар ҳолест, ки онҳо дар маҷлиси рӯзи 10 май барои камбудҳо зери танқиди шадиди раиси ҷумҳур қарор гирифтанд. Вале амри танбеҳи онҳо танҳо пас аз чаҳор рӯзи ин ҷаласа содир шуд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, раиси ҷумҳур ба эҳтимоли зиёд ба вокунишҳои тунди сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавоб додааст, ки аз "афв"-и мансабдорон ва зердастони онҳо ба шиддат интиқод карданд.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, Хуршед Қурбонзода низ аз мақоми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт озод шудааст. Ба ҷои ӯ муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзодаро таъйин кардаанд.

Инчунин, рӯзи сешанбе бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Пӯлодҷон Юсуфӣ ва Лола Сафарзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон барканор шудаанд.

Дар маҷлиси 10 май чӣ гузашт?

Бо вокунишҳо ва таҳлили коршиносон бихонед:

Cаҳнаҳое то дер вақт дар хотири мардуми Тоҷикистон хоҳанд монд. Монанди пурсуҷӯе, ки бо нидои "гум шав!" ва он ҳам аз забони президенти Тоҷикистон ба поён расид ва аммо баҳсҳои зиёдеро сароғоз шуд.

Манзур, ҷаласаи президенти Тоҷикистон бо мутасаддиёни бахши молии кишвар аст, ки 10 май баргузор шуд ва чанд чизро нишон дод:

  1. Президент дар бораи мушкилоти ҳар соҳа иттилои дақиқ дорад ва дар бораи фасодкории бархе мақомот санаду маводи зиёд ҷамъ кардааст.
  2. Раисиҷумҳур аз фазову маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот хуб огоҳ аст. Ёдоварии ӯ аз ҳодисаи интиқоди мардум аз ходимони андоз дар ноҳияи Шаҳритус намунаи он аст (“...баъд, мисле ки дар ноҳияи Шаҳритус. Партофтанд охирон бор дар Интернет. Тамошо кардед? Корманди андоз ба ҷони мардум расидааст”)
  3. Камбуди бахши даромади будҷа дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ва дар пасманзари фасодхориҳои мақомот мояи нигаронии шахсии президент аст.

Бархе таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, баргузории ҷаласа дар марҳилаи соле пеш аз ду интихоботи муҳим бо нияти дилгарм кардани мардум, боло бурдани мизони эътимод ба президент ва намоиши қотеияти ӯ бо мақомдорони фасодкор ва “азияткунандаи” мардум аст.

“Иродаи сиёсӣ барои тағйири воқеии вазъ нест”

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ин назар аст, ки камбуди будҷа мавриди нигаронии президент аст, вале айни замон имиҷсозон хостанд аз ин фурсат истифода карда ӯро ба унвони як “раҳбари сахтгир нишон диҳанд, ки ғами мардумро мехӯрад”.

Ӯ гуфт, «сарзаниш ва аз кор рондани як мақомдори фасодкор одатан хамчун як элементи политтехнология истифода мешавад, ки имиҷмейкерони точик аз он дар тули 10-15 соли охир фаровон истифода мебаранд. Ва ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад, чун аксари сиёсатмадорони дунё аз чунин иқдом истифода мекунанд», гуфт Абдумалик Қодиров.

Агарчанде рӯзи 13 май аксар сохторҳои мавриди интиқоди президент ба хабарнигорон дар бораи “шурӯи ислоҳи вазъ” хабар доданд, ба андешаи Қодиров, ҷаласаҳои калону пуринтиқод дар Тоҷикистон зиёд натиҷа намедиҳанд. “Ислоҳот дар як соҳаи алоҳида имкон надорад, чун шохаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла иқтисодиёти давлат бо ҳам пайваста аст. Ба қавли шоир, “банӣ-одам аъзои якдигаранд...” – давлат ҳам мисли банӣ-одам аст, ки тамоми шохаҳояш бо ҳам пайваста аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки як шохаро ислоҳ кун ва дигар шохаҳо ба он халал нарасонанд”.

Ба андешаи ин таҳлилгар, сабаби аслии имкон надоштани тағйиру ислоҳот дар «низоми давлатдории мо аст, ки бар асоси муносибатҳои хешутаборию маҳалгароӣ” бунёд ёфтааст. Танҳо роҳи муваффақ шудан дар ислоҳи вазъ, ба гуфтаи Қодиров, “иваз кардани принсипи ҷобаҷогузории кадрҳо, принсипи мубориза бо коррупсия ва вуҷуди иродаи сиёсӣ барои тағйирот” мебошад. Феълан, гуфт ӯ, ҳатто агар президент чунин хоҳиш дошта бошад ҳам, ҳукумат чунин иродаи сиёсӣ надорад.

Саҳнае аз ҷаласаи президент

“Ҳукумат дигар заминаҳои мардумӣ надорад”

Таҳлилгари дигари масоили сиёсӣ Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён мегӯяд, бардошти аслии ӯ ин буд, ки президент як корбар ва хонандаи муҳими шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Ӯ мегӯяд, “президент ба забони корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ” сӯҳбат мекард. Дар бардошташ аз ҷаласаи президент Дӯстмуҳаммадиён гуфт:

“Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон мушкилот мегуфт, ки мо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаи Интернет - охирин пойгоҳи озодии баён ва демократия се соли ахир мегӯем. Ба забони мо ҳам мегуфт. Бардошти дигарам ин буд, ки президент дигар ба масоили муҳими иҷтимоиву иқтисодии кишвар назари давлатмардона надорад. Баъд аз суханронии рамазонии ӯ дар бораи нарху наво ва "буҳрони гӯшт" дар кишвар ин нукта боз ҳам рушантар шуд».

​Дар шарҳи назараш ин таҳлилгари сиёсӣ гуфт, президент “аз мушкили гумрук мегӯяд, аммо нақши бародари раҳматияш Нуриддин ва Ҳурматовҳоро дар сохтани ин низоми фасодолуда нодида мегирад. Масъули посгоҳи гумрукиро истинтоқ мекунад, аммо намегӯяд, ки бахши муҳими бозори "Корвон" зери контроли фарзандаш мебошад. Аз қасру кушку мошинҳои гаронбаҳои мансабдорон мегӯяд, аммо аз сарчашмаи сармояи ҳангуфти мансабдорон Исмат Абдуллоев ва Рустам Холиқов намепурсаду навиштаҳои журналистон дар бораи онҳоро нодида мегирад, балки расонаҳои мустақилро мебандад”.

Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён гуфт, аз сӯҳбатҳои президент маълум буд, ки “ҳукуматаш дигар заминаи мардумӣ надорад”.

Назари сокинони Душанбе ба ҷаласаи президент:

"Як не, 10-20-таша сур мекард, Тоҷикистони мо зӯр мешуд!"​

Парвиз Муллоҷонов, дигар сиёсатшиноси тоҷик, ки аз Амрико истода ҷаласаи президентро тамошо кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди таъсирбахш будани бархе лаҳзаҳои ҷаласа, боз ҳам лаҳни президент “андарз”-ро мемонд ва бо вуҷуди номбар кардани ҷиноятҳои мушаххас аз ҷониби мақомоти баланд, амру дастур барои мувофиқи қонун баррасӣ шудани ин ҳама ҳолатҳо шунида нашуд.

Вале Сайфулло Сафаров, як сиёсатшинос ва собиқ корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди президент мегӯяд, фош шудани ҳодисаҳои фасодхории чанд мақомдор дар интиқоди президент “ба он маъно нест, ки ҳама фасодзада ҳастанд”. Ба андешаи ӯ, чанд нафаре, ки барои чунин аъмол танқид шуданд, наметавонанд аз тамоми система намояндагӣ кунанд.

Шаҳбоз Раҷабзода – ҷинояткори афвшуда ва президент дар нақши прокурору додрас

Саҳнаи муҳокимаи Шаҳбоз Раҷабзода, раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки гузаргоҳи муҳими гумрукӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро коршиносон ба муҳокимаи додгоҳие монанд мекунанд, ки дар он нақши додситону додрас ва вакили дифоъро як нафар иҷро мекард.

Дар ин “муҳокима”, ки ба як видеои пуртамошобини се рӯзи охир табдил шудааст, президент як мақоми Хадамоти гумрукро ба зиёд будани гуноҳаш аз «муйи сар» муттаҳам кард, арзанади “15 соли зиндон” хонд, вале бо дарназардошти «ҷавон буданаш» ҳамон замон “афв кард”.

Ин қазия, аз назари таҳлилгарон, агар ба муҳокимаи бераҳмонаи ҷинояткор монанд бошад, саволҳои мисли “чаро таҳқиқи ҷурмҳояш ба роҳ монда нашуд?” ва “чаро ҳамон замон афв шуд?”-ро дар миён гузошт. Саволҳои дигар ба шеваи муҳокимаи ин шахс рабт дорад. Аксар мусоҳибони радиои Озодӣ мегӯянд, андешаи ин ки дар шароити бад иҷро шудани қонунҳо президент ба нуқтаи охирини даъвохоҳии мардум ва раҳбарии воҳиди шохаҳои ҳокимияти давлатӣ табдил шудааст, бори дигар тасдиқ шуд.

Қазияи Раҷабзода - ҳушдор ба дигарон

Зайниддин Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон муҳокима шудани як корманди Хадамоти гумрук дар мазҳари омро амали “одилона” ва ба хотири “пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар оянда” мешуморад. Ӯ мегӯяд, раҳбари давлат нишон дод, ки дар бораи ҳар корманди ниҳоди давлатӣ маълумот дорад ва ин ба наъве ҳушдор ба дигарон буд, то ба фасодкорӣ даст назананд.

Моҳи октябри соли 2017 дар чунин як ҷаласае Эмомалӣ Раҳмон, аз Раҷабалӣ Одинаев, раҳбари ширкати нафтрасони “Умед-88” барои барнаградонидани қарзи 170 миллион сомонӣ интиқод карда буд. Ба дунбол, бо вуҷуди ин ки Раҷабалӣ Одинаев гуфт, қарзро бармегардонад, боздошт ва ба мӯҳлати 24 сол зиндонӣ шуд.

“Амали президент – дахолат ба шохаи мустақили судӣ аст”

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, ин шеваи бархӯрди президент берун баромадан аз салоҳият ва дахолат ба шохаи мустақили ҳокимияти судӣ аст. Ӯ гуфт, дар ҷомеаи демократӣ давлат ба се шохаи ҳокимияти аз ҳам мустақил, мисли ҳукумати иҷроия, судӣ ва қонунгузор ҷудо мешавад. Бар асоси қонун, ҳукумати иҷроия, ки раҳбари он президент аст, ҳақ надорад, ки ба ҳукумати судӣ ва қонунгузор (порлумон) дахолат кунад.

Ӯ гуфт: “Моҳияти ин суханронӣ бар хилофи усули таҷзияи адолатӣ судӣ аст, зеро новобаста аз вазъи сиёсӣ агар як шаҳрванд қонунро вайрон кунад, кирдорашро бар асоси Кодекси ҷиноятӣ додситонӣ тафтиш мекунад ва додгоҳ баҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Ин бори аввал нест, ки чунин мешавад. Президент бар хилофи тартибот як ҷавонро ба як муассиса дохил мекунад, ки ин хуб нест. Президент метавонад тавсия диҳад. Ин ҳолат нобарообари дар назди қонунро нишон дод”.

Чунин бархӯрд, ки як нафарро президент хоҳад, зиндон мешавад ва хоҳад аз ҷавобгарӣ озод мешавад, Шокирҷон Ҳакимов хоси як ҷомеаи худкома медонад.

“Интиқоди президент бедалел набуд”

Аммо Зайниддин Сафаров, муовини раиси Кумитаи ҳуқуқ, амният ва дифои парлумони Тоҷикистон мегӯяд, рафтори президент дар доираи қонун ва эҳтиром ба арзишҳои ҷомеаи инсондӯст буд. Ба гуфтаи Сафаров, президент салоҳияти афв кардан доранд. Аз сӯи дигар, ба андешаи ӯ, дигар мақомот ин ҳолатро тафтиш кардаанд ва президент бар асоси онҳо хулосагирӣ кард.

“Президент беҳуда ва бедалел ӯро аз кор ҷавоб надод. Ҷаноби олӣ шахсияте ҳаст, ки раҳмдил аст ва намехоҳанд, ки миёни ҷавононро шиканад. Одамони зиёдеро чунин бахшидаанд. Ҳатто моратория эълон карданд ва ҳукми қатлро бекор карданд. Нишон дод, ки қудрате дорад, ки ӯро ҳабс кунад, вале ба хотири ҷавон будан бахшиданд,” - гуфт Зайниддин Сафаров.

Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик мегӯяд, президент танҳо метавонист аз шохаи ҳокимияти судӣ, ба мисли додситонӣ хоҳиш кунад, то аъмоли ӯро санҷад.

Ӯ гуфт: “Шахсони мансабдорро шахсе аз кор ҷавоб медиҳад, ки ӯро ба кор қабул кардааст. Ба фикрам ҷаноби олиро камтар қаҳр омадагӣ, ба ҳамин хотир чунин гуфтанд. Лекин вақте чунин камбудиҳо дар кори як мансабдор аст, пеш аз ҷавоб додан аз кор бояд ӯро тафтиш кунанд, ки ин гуноҳ дорад ё не. Агар гуноҳ дорад, кори ҷиноятӣ оғоз кунанд. Лекин президент ҳақ надорад, ӯро аз кор ҷавоб диҳад”.

Ҷаласаи ахири президент, ки як сатил оби сард ба сари мақомдорони тоҷикро мемонд, дар назари бисёр ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар таъсири мусбате гузошт. Бархе аз тағйироти ҷиддӣ дар кори сохторҳои фискалӣ ва бонкҳои кишвар сӯҳбат мекунанд, дигарҳо ба “мардумитар” чеҳраҳои ходимони андоз умед доранд. Бархе дигарҳо ҳам мехоҳад ба ин савол посух ёбанд, ки чаро дар ҳолати огаҳии комил аз мизони амиқи фасодзадагии сохтору бахшҳои муайяни ҳукуматӣ, ҷомеа шоҳиди мурофиаҳои додгоҳии мисли Зайд Саидов, Бузургмеҳ Ёров ва дигарҳо намешавад?

Вале мусаллам аст, ки баъди ин ҷаласа интизороти ҷомеаи кишвар аз ислоҳоти ҷиддӣ дар бахшҳои моливу фискалӣ ба роҳ монда мешавад ва қонунҳои, ба гуфтаи худи президент, сангини марбут ба андозбандии соҳибкорон ваё пешниҳоди қарзҳои ҳангуфт барои пешбурди кору тиҷорат бозбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG