Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии баҳси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Меҳмонхонаи ҳукуматӣ дар Маскав шурӯъ кардааст.
Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе даъво доранд, ки масъулини Меҳмонхонаи ҳукуматии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав аз онҳо 100 ҳазор доллар ё беш аз як миллион сомонӣ гирифта, бо гузашти ҳафт сол онро бозпас надодаанд. Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, вазъи молиявиашон бад аст ва талош доранд аз қарздорони худ, аз ҷумла аз Меҳмонхонаи Ҳукуматӣ дар Маскав маблағҳои худро бозпас бигиранд.
Масъулини Меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, аз даъвои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе огоҳ ҳастанд, вале барои ин қарз бояд роҳбарияти қаблии меҳмонхона посух диҳанд.
Аммо намояндагони Меҳмонхонаи ҳукуматӣ дар Маскав даъвои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бар сари 100 ҳазор долларо қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, дар мавриди маблағи баҳсӣ дар муҳосиботашон ягон сент вуҷуд надорад ва ҳалли масъаларо дар раҳбарони вақти меҳмонхона бояд ҷуст.
Як мақоми Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳси Фурудгоҳ бо Меҳмононаи Ҳукуматиро додрас Парвина Раҷабзода пеш мебарад. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ҳафтаи гузашта бояд мурофиаи аввал аз рӯи ин қазия баргузор мешуд, вале бинобар ҳозир нашудани намояндагони Меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскав, он сурат нагирифт.
Масъулини Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд, бо ҳозир шудани намояндагони ду тараф, мурофиаи навбатӣ нисбат ба ин қазия аз сар гирифта мешавад. Аммо дар мавриди ҷузъиёти баҳси мазкур намояндаи додгоҳ нахост сӯҳбат кунад.
Асли қазия чист?
Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, асли баҳс бо меҳмонхонаи ҳукуматӣ он аст, ки соли 2011 бо имзои роҳбари пешини фурудгоҳ Рустам Холиқов 100 ҳазор доллар барои таъмиру тармими меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҷудо гардид. Вале ба гуфтаи мақомоти фурудгоҳи Душанбе, бо гузашти ҳафт сол ин маблағ бозпас гардонда нашуд.
Манбаъ гуфт, муроҷиатҳои зиёди онҳо ба масъулини Меҳмонхонаи ҳукуматӣ дар Маскав барои бозпас додани маблағ натиҷа надод ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба додгоҳ шикоят баранд. Ҳамсӯҳбати мо дар фурудгоҳ, ки ҳаққи бо матбуот суҳбат кардан надорад, гуфт, ин ниҳод ба Меҳмонхонаи ҳукуматӣ замоне 100 ҳазор доллар қарз дод, ки роҳбари он Комил Мирзоалиев буд. Ахирӣ феълан дар мақоми роҳбари идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон кор мекунад.
194 млн сомонӣ қарзи"Сомон эйр" ва Тоҷик эйр" аз фурудгоҳ
Ҳуқуқшиносони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, маблағи мазкур бар асоси шартнома бояд то соли 2015 баргардонда мешуд. "Ҳоло вазъи молии фурудгоҳ хуб нест. Бар иловаи 100 ҳазор доллар қарзи Меҳмонхонаи ҳукуматӣ, боз "Сомон-эйр" 100 миллион сомонӣ ва "Тоҷик-эйр" 94 миллион сомонӣ аз мо қарздоранд. Камбуди маблағ ба фаъолияти рӯзмарраи фурудгоҳ албатта таъсри манфӣ мерасонад",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Аммо масъулини меҳмонхона дар Маскав мегӯянд, аз даъвои фурудгоҳи Душанбе огоҳ ҳастанд, вале барои ин қарз бояд роҳбарияти қаблии меҳмонхона посух диҳанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо баъд аз машварат бо раиси феълии меҳмонхона мавқеи худро чунин шарҳ дод: "Ҳоло дар муҳосиботи мо аз ин 100 ҳазор доллар як сент мондагӣ нест. Роҳбарони пешини меҳмонхона медонанд, ки маблағи мазкур дар куҷо сарф шудааст ва ҳамаи санадҳо дар дасти онҳост. Шумо ба консулгарии Тоҷикистон муроҷиат кунед. Ин меҳмонхона ба онҳо тааллуқ дорад",-афзуд вай.
Сафорат: "Ба худи масъулони меҳмонхона муроҷиат кунед"
Аммо намояндагони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, масъалаи молии ин меҳмонхона ба онҳо вобаста нест ва беҳтар аст ба Дастгоҳи президент ва ё ба худи масъулони меҳмонхона муроҷиат кунед.
Дар ҳоле, ки ҳарду ҷониби баҳс ишора ба ин мекунанд,ки масъалаи молӣ бо дасти раҳбарони вақти ду муасисса сурат гирифтааст, талошҳои мо барои маълум намудани назари Рустам Холиқов, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Комил Мирзоалиев, ки ҳоло раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мебошад, натиҷа надод.
Аммо тавре ҳарду ҷониби баҳс мегӯянд, ба қазияи мазкур роҳбарони пешини ҳам фурудгоҳ ва ҳам раиси вақти меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскав даъват карда шаванд. Додгоҳи олии иққтисодӣ низ мунтазири ҳозир шудани намояндагони ҳар ду тараф аст.