Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи занон ва ҳукумати фарогир. Талаб аз Толибон


Акс аз вебсайти вазорати корҳори хориҷии Туркманистон
Акс аз вебсайти вазорати корҳори хориҷии Туркманистон

Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон рӯзи 26 май ҷаласаи чоруми фиристодаҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили Афғонистон бо қабули изҳороти муштараке ба анҷом расид. Таъкид ба аҳамияти бунёди як ҳукумати фарогир аз намояндагон ҳукумат ва дигар гурӯҳҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва миллии Афғонистон, манъи ҳама маҳдудиятҳо барои таҳсилу кори духтарону занон, нигаронӣ аз афзоиши ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар аз муҳимтарин нукоти изҳороте буд, ки ширкатдорон зери он имзо гузоштанд. Дар ин бора вебсайти вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар дод.

Даъвати дигаре, ки ҳамсояву шарикони Афғонистон аз ҳукумати Толибон карданд, ин пешгирӣ аз табдил шудани ин кишвар ба пойгоҳи терроризму ифротгароӣ будааст.

Дар ҷаласае, ки бо ширкати дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд, Роза Отунбоева, раҳбари ҳайати СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон, Тери Ҳакала, намояндаи вижаи ИА барои ОМ ва Томас Никлассон, фиристодаи ИА дар Афғонистон иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин нишаст намояндаи ВКХ Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода муаррифӣ намуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG