Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ширкатеро меҷӯянд, ки ба Русия дрон додааст


Дар Вазорати молияи Қазоқистон гуфтанд, дар бораи ширкате маълумот надоранд, ки бино ба таҳқиқоти байнулмилалӣ, Русия тавассути он аз Қазоқистон бесарнишин ё дрон гирифтааст.

"Дар бораи ширкати "Аспан Арба" иттилоъ надорам", - гуфт вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубоев дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Ӯ афзуд: "Моҳи гузашта аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо як ҳайат омад. Агар маводи таҳти таҳрим ба Русия содирот шуда буд, ҳайат ба мо рӯйхат медод."

Ҳафтаи гузашта гуруҳи таҳқиқотгарони байналхалқӣ навиштанд, чи гуна аз Қазоқистон ба Русия дастгоҳҳое содирот шудааст, ки баъдан дар ҷанги зидди Украина истифода гардидааст.

Муаллифони таҳқиқот аз ширкати "Аспан Арба", Da Group 22 ва ширкати русии "Прайм-эк" ном бурданд.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида борҳо ҳушдор доданд, ки дар сурати ошкор шудани мусоидати Қазоқистон ба Русия дар давр задани таҳримҳо, нисбат ба Қазоқистон таҳрим ҷорӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Қазоқистон борҳо гуфтаанд, ки ҳарчанд аз таҳримҳои зидди Русия пуштибонӣ намекунанд, барои давр задани онҳо низ мусоидат нахоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG