Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳашт тан аз захмиёни таркиши зарфи газ дар бозори ноҳияи Панҷ дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Рӯзи 20-уми май дар бозори ноҳияи Панҷ зарфи гази моеъ таркида буд.
Вазорати тандурустӣ дар хабарномае рӯзи 21-уми май гуфтааст, ки дар ин ҳодиса 28 нафар захмӣ шудааст.
Ин ниҳод хабар додааст, ки гурӯҳе аз пизишконро барои ташхису табобати захмиён аз Душанбе ба ноҳияи Панҷ равон кардааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби таркишро "риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур намудани балони гази моеъ" номид.
Таркиши зарфҳои гази моеъ дар манзилҳои зисти сокинон ва таркиш дар нуқтаҳои сӯзишворӣ борҳо дар Тоҷикистон сабт шудааст. Мақомот ҳамеша дар ин ҳодиса худи сокинонро айбдор медонанд, ки “қоидаҳои бехатариро риоя накардаанд.”