Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек як қирғизистониро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина 10 сол зиндонӣ кард.
Ба иттилои муфаттишон, вай аз ҷониби ҷудоиталабони Донбасс ҷангидааст.
Дар ҳукми додгоҳ омада, ки шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон моҳи июни соли гузашта дар Маскав ба яке аз гуруҳҳои мусаллаҳи ҷумҳурии худхондаи Луганск шомил шуд.
"Ҳадафаш аз ин иқдом даромади молӣ ва дарёфти шаҳрвандии Русия буд. Вай силоҳҳоро ба хатти аввали ҷанг бурда, баъд аз ним сол хидмати ҳарбиро хатм кард ва ба Маскав ва аз онҷо ба шаҳри Бишкек баргашт," -- гуфта шудааст дар ҳукм.
Ин шаҳрванди Қирғизистон дар додгоҳ худро бегуноҳ шумурда, гуфтааст, дар Луганск буд, аммо дар ҷанг иштирок накард.
Қонунгузории Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шаҳрвандонро аз ширкат дар ҷанги кишварҳои дигар манъ мекунанд.
Сафорати ин кишварҳо борҳо ба шаҳрвандони худ дар Русия ҳушдор додаанд, ки дар ҷангҳои Русия зидди Украина ширкат наварзанд.
Гуфтугӯ