Владимир Путин, президенти Русия фармони додани шаҳрвандии Русияро ба хориҷиҳо ба таври сода имзо кард. Дар ин бора дар сомонаи президенти Русия хабар дода шудааст.
Дар фармон омадааст, хориҷиҳое метавонанд дархости дарёфти шаҳрвандии Русияро ба таври сода кунанд, ки розӣ мешаванд, дар замони баргузории "амалиёти махсуси низомӣ" (мақомоти Русия ҷанг зидди Украинаро чунин меноманд) як сол дар артиш хидмат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли 2022 Путин фармони ба ин монандро имзо карда буд. Он замон муҳлати хидмати низомӣ барои хориҷиҳое, ки мехостанд шаҳрвандии Русияро ба таври сода дарёфт кунанд, дарозтар буд. Бино ба фармони моҳи сентябри соли гузашта, шарти дарёфти шаҳрвандӣ барои хориҷиҳо хидмати на камтар аз як сола дар артиши Русия ва иштироки на камтар аз шашмоҳа дар амалиёти ҷангӣ буд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони худро борҳо ҳушдор доданд, ки иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар ҷанги Русия зидди Украина ҷавобгарии ҷиноӣ дорад. Ҳамзамон расонаҳо аз ҷалби муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия ба ҷанги зидди Украина хабар медиҳанд.