Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли маданиро, ки ба гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муддати дароз зиндонӣ шуд, ба маҳбаси занонаи Норак бурдаанд. Ӯ то ин вақт дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд.
Бино бар ҳуҷҷате, ки рӯзи 11-уми май дастраси Радиои Озодӣ шуд, мақомот сабаби ба зиндони Норак бурданашро “эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм” донистаанд.
“Ӯро рӯзи шанбе, 6-уми май, ба маҳбаси Норак интиқол доданд. То он вақт пайвандон чанд дафъа бо ӯ мулоқот карданд, аз саломатӣ шикоят надошт. Барои бозбинии ҳукм низ ариза нанавишта буд," – гуфт як ҳамсуҳбати мо, ки аз қазия огоҳ аст. Ба далели амниятӣ номи ӯро наменависем.
Улфатхоним Мамадшоеваи 66-соларо дар аввали моҳи декабри соли 2022 ба бист сол зиндон маҳкум карданд. Мурофиаи додгоҳии ӯ паси дарҳои баста баргузор шуд ва, аз ин рӯ, ҷузъиёти ҳукм маълум нест.
Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро бар асоси 8 банди қонун, аз ҷумла "даъвати оммавӣ ба сарнагунии сохти конститутсинонӣ" гунаҳкор кардаанд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон Мамадшоева ва ҳамсари пешини ӯ, генерали нерӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашовро ба ташкили тазоҳурот дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ гунаҳкор карданд.
Худи Улфатхоним Мамадшоева пеш аз боздошт, рӯзи 17-уми майи 2022, дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ ва “Настоящее время”, гуфт, “ӯ ба ҳеч амали ғайриқонунӣ даст назадааст”. Дар ҳамон хабарнигорон латукӯб шуда, сабти мусоҳиба рабуда шуд.
Хонум Мамадшоева дар солҳои 90-ум узви Нерӯҳои дифоии Бадахшон буд, ки расман бахше аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф буд ва шохаҳои низомиву сиёсӣ дошт.
Пас аз имзо шудани қарордоди сулҳ дар “доираи ҷазби нерӯҳои мухолиф ба сохторҳои давлатӣ” дар ниҳодҳои марзбонӣ ба кор пардохт, аммо пас аз чанд муддат онро тарк кард.
Соли 2014 созмони иҷтимоии “Номус ва инсоф”-ро таъсис дод, ки дар заминаи пешгирии хушунати хонаводагӣ алайҳи занон кор мекард. То замони боздошт ба ин кор машғул буд.
Гуфтугӯ