Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, нақшаи даъват ба артиш “63 дарсад” иҷро шуд


Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки нақшаи даъват ба хидмат ба артиш дар Душанбе ва чор ноҳияи атрофи он “пурра иҷро шудааст.”

Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад.

Вазорати мудофиа рӯзи якуми май дар хабарномае гуфт, то имрӯз дар кишвар нақшаи даъват 63 дар сад иҷро шудааст. Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "аз иҷрои пурраи нақша хабар додааст".

Ба иттилои ин ниҳод дар як моҳи аввал нақшаи даъват дар вилояти Хатлон тақрибан 60 дарсад ва дар Суғд 45 дар сад пур шудааст.

Мақомоти Вазорати дифоъ як сабаби "пеш аз мӯҳлат иҷро шудани нақшаи даъват" дар аксар шаҳру навоҳии кишварро фароҳам шудани шароити хуб дар қисмҳои ҳарбӣ ва афзоиши шумори ҷавонони ватандӯст гуфтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва бархе сокинон мегӯянд, мақомоти тоҷик бо шеваҳои ғайриқонунӣ бештар ҷавононро ба артиш ҷалб мекунанд.

Ҳамсола дар мавсими даъват ба артиш хабари бо зур ё тариқи облава ба хидмат бурдани ҷавонон сабт мешавад. Аксарият далели фирор аз артишро дар шароити нохуб ва меҳтарсолорӣ ё дедовишина унвон мекунанд.

Рӯзи 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он кӯҳансарбозон сарбозони ҷавонро мезаданд. Мақомот ба он вокуниш нишон доданд ва гуфтанд, ки 5 сарбозу як афсарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG