Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо баҳонаи "бадномсозии артиш" шаҳрвандонро аз шиноснома маҳрум мекунад


Шиносномаи русӣ
Шиносномаи русӣ

Акнун дар Русия онҳоеро, ки ба таври оммавӣ артиши ин кишварро бадном мекунанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум менамоянд.

Ислоҳот ба қонун дар ин заминаро Думаи давлатии Русия ҷонибдорӣ кардааст.

Тағийрот, аз ҷумла, ба муҳоҷирони соҳиби шиносномаи русӣ дахл дорад.

Тибқи омори вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2022 беш аз 173 ҳазор зодагони Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд.

Беш аз 121 ҳазор нафари дигар ҳаққи иқомати доимиро доранд ва ба эҳтимоли зиёд соли 2023 шиносномаи русиро ба даст меоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бо назардошти сафарбарии шаҳрвандони Русия ба ҷанги Украина, ба муҳоҷирон машварат медиҳанд, ки феълан аз гирифтани шаҳрвандии Русия худдорӣ варзида, ҷони худро зери хатар нагузоранд.

XS
SM
MD
LG