Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Эрон гуфтаанд, машқи низомӣ мегузаронанд


Наздик ба 150 сарбозу афсари артиши Эрон дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон иштирок карда буданд
Наздик ба 150 сарбозу афсари артиши Эрон дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон иштирок карда буданд

Тоҷикистону Эрон ният доранд, ки машқи низомӣ гузаронанд. Дар ин бора расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд.

Ба гузориши “Садо ва симо”, масъалаи гузарондани размоиш ҳангоми сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шудааст.

Як ҳайат аз низомиёни тоҷик зери роҳбарии Шараф Эгамзод, муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дар Эрон ҳастанд.

Хабаргузории “Садо ва симо” аз қавли Эгамзод навиштааст, Тоҷикистон умед дорад, дар арсаҳои дифоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон қадамҳои хубе бардорад.

Душанбе ва Теҳрон ва дар солҳои ахир робитаи печидае доштанд. Баъд соли 2015 мақомоти Тоҷикистон ҳукумати Эронро ба ҳимоят аз мухолифони исломӣ ва даст доштан дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам кард.

Мақомоти эронӣ ҳарчанд ба иттиҳомзании Тоҷикистон зиёд вокуниш намекарданд, дар суҳбатҳои алоҳида ҳарфҳои Душанберо рад карда буданд.

Аз соли 2020 ба ин тараф муносибати Тоҷикистон ва Эрон дубора беҳтар гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG