Сафири тозатаъйини Амрико дар Тоҷикистон дар нахустин дидораш бо журналистон гуфт, Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ ба ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва озодии баён мусоидат хоҳад кард.
Мануэл Микаллер рӯзи 12-уми апрел дар нишасти хабарӣ гуфт, “матбуот ва расонаҳои озоду фаъол барои рушд, шукуфоӣ ва амнияти ҳар кишвар муҳиманд”.
Дипломати амрикоӣ афзуд, бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон суҳбату мулоқоти мунтазамро ба роҳ мемонад.
“Умед дорам, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш ва пешбурди ҳадафи муштараки мо - беҳтар намудани сатҳу шароити зиндагии мардум кумак расонам. Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ ба ҳуқуқи инсон, озодии дин, озодии матбуот ва озодии баён мусоидат хоҳад кард,” – илова кард ӯ.
Ин изҳороти сафири нави Амрико дар ҳоле садо дод, ки аз камтаваҷҷуҳии сафорат ба ҳуқуқи инсон ва тамаркуз ба ёриҳо дар бахши иқтисоду амният дар Тоҷикистон суҳбат мешавад.
Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе танҳо тай як соли охир ин кишвар барои боло бурдани тавонмандии нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 19 миллион доллар абзори зарурӣ тақдим кардааст.
Сафир дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки назараш дар бораи афзалият ё бартарӣ додан ба як ё ду бахш чист, ҷавоб дод, ки онҳо дар ҳама бахшҳо ҳамкориҳои наздик доранд.
Мануэл Микаллер афзуд: “Дар масъалаи ҳуқуқи инсон мо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муколамаи дарозмуддате дорем. Бо хабарнигорон, бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ. Ман муколама бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро идома медиҳам. Қадами аввал ин аст, ки барои ин гуфтугӯҳо ҳарду ҷониб омода бошанд.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Вазорати умури хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта дар гузориши солонааш Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кард. Cозмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба монанди Freedom House, Human Rigts Watch низ Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон, фишор ба хабарнигорону блогерон накӯҳиш кардаанд.
Мансабдорони тоҷик ҳар гуна арзёбиҳои байнулмилалиро дар бораи ҳуқуқи инсон дар кишвар нокомил ва якҷониба номидаанд.
Ба иттилои расмӣ, аз замони соҳибистиқлолии кишвар Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 2 миллиард доллар дар бахшҳои гуногун, аз қабили иқтисод, тандурустӣ, маориф, амният мадад расонидааст. Соли 2022 ҳукумати Амрико танҳо тавассути Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико ба Тоҷикистон қариб 40 миллион доллар ёрӣ кард.
Гуфтугӯ