Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен ба пуштибонии ИМА аз соҳибихтиёрии Тоҷикистон таъкид кард


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Котиби давлатии Амрико бори дигар пуштибонии кишварашро аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон баён дошт.

Энтони Блинкен рӯзи 28-уми феврал дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дигарбора пойбандии Иёлоти Муттаҳидаро барои шарикии қобили эътимод низ ёдрас шуд.

Дар ин бора сомонаи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар дод.

Мулоқоти Блинкен бо Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти "С5+1" дар Қазоқистон баргузор шуд.

Онҳо роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳои ду кишварро дар самти иқтисоду амният баррасӣ кардаанд.

Энтони Блинкен ба зарурати ҳамкории зич дар масоили марбут ба Афғонистон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон дар ин кишвари ҷангзада таъкид намуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния хабар дод, ки вазир Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти "С5+1" иштироку суханронӣ кард. Дар бораи мулоқоти ҷудогонаи ӯ бо Блинкен чизе нагуфтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG