Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро тарҳи масҷиди нав дар Маскав ҷанҷолӣ шуд?


Қазон, Тотористон. Акс аз бойгонӣ
Қазон, Тотористон. Акс аз бойгонӣ

Тарҳи сохтмони масҷиди нав дар наздикии Кӯли Муқаддас дар ноҳияи Косино-Ухтоми пойтахти Русия ҷанҷолӣ шуд. Мухолифон гуфтанд, бунёди ибодатгоҳи мусалмонҳоро дар маҳалле ба нақша гирифтаанд, ки барои пайравони мазҳаби православӣ бисёр азиз аст. Шаҳрдори Маскав ба қазия дахолат кард.

Садҳо нафар рӯзи якшанбеи гузашта дар наздикии Кӯли Муқаддас ба зидди сохтмони масҷид эътироз карданд.

Панҷ марди ниқобпӯш аз саҳнаҳои ҷанг низ ба мақомоти Маскав "паём" доданд. Яке аз сарбозон мансабдорони Русияро гунаҳкор кард, ки "ҳуҷҷатҳоро на бо назардошти имон ва манфиати мардум, балки бо андешаи ҷайби худ" имзо мегузоранд.

"Мо намемонем, ки маҳзаби православӣ сарафканда шавад. Бародарону хоҳарон, бо шумо ҳастем," – афзуд ӯ.

Лев Гудков, муовини мудири маркази "Левада", ки хабарнигори Идел.Реалии пештар бо ӯ суҳбат дошт, афзоиши бегонаситезиро дар ҷомеаи Русия ба шиорпартоиҳои доираи ҳукмрон пайванд дод.

Маргарита Симонян, сардабири оҷонси давлатии "Russia Today", чанд сол пеш гуфта буд, ки "Русия русӣ бошад", на ин ки "мусулмонӣ шавад". Ҳамин раванд ё тамоюл дар саҳифаҳои сершумори Телеграм, ки бо пуштибонии мақомоти Русия фаъол ҳастанд, мушоҳида мешавад.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, дар як навиштааш дар Телеграм тасдиқ кард, ки тарҳи ибтидоии сохтмони масҷид ҳаст, вале ҳукумат ҳанӯз тасмиме нагирифта.

"Аз Патриарх Кирил ва раиси Идораи мусулмонони Русия Равил Ғайнутдин пешниҳод гирифтам. Ҳарду ба дарёфти ҷойи дигар барои сохтмон муроҷиат кардаанд," – навишт раиси шаҳр. Вай ҳамчунин овозаҳоро дар бораи гуё 40 ҳазор метри мураббаъ будани масоҳати масҷид рад кард.

"Сухан дар бораи 2,5 ҳазор метри мураббаъ меравад,” – гуфт ӯ ва афзуд, "бо назардошти муроҷиатҳо, ҷойи масҷиди оянда тағйир дода мешавад. Дар наздикии истгоҳи метрои Косино қитъаи замин ҷудо мегардад."

Мақомоти пойтахти Русия ҳеч гоҳ ба эътирозҳо дар робита ба сохтмони масҷид ин қадар шитобкорона вокуниш накарда буданд. Ба назар мерасад, аз як сӯ эътирозу таҳдиди мухолифон ва аз тарафи дигар паёми ҷонибдорони бунёди масҷид ба ин кор сабаб шудааст.

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, мухолифони сохтмони масҷидро "тарсу ва душманони Русия" номид ва пешниҳод дод, ки "мизони ватандӯстии худро дар майдони ҷанг бисанҷанд."

Маскав ягона ҷое нест, ки ба зидди бунёди масҷид эътироз мекунанд. Сокинони Қазон низ бо талаби ба ҷойи дигар кӯчондани сохтмони масҷиди ҷомеъ имзо ҷамъ меоранд. Талаб доранд, ки замини масҷидро ба онҳо баргардонанд ва боқимондаи ҷангалро ҳифз кунанд.

Ба гуфтаи сархатиби масҷиди ҷомеи Маскав, Илдар Аляутдинов, дар Маскав камаш ду миллион мусалмон кору зиндагӣ мекунанд, вале ба онҳо чаҳор масҷид рост меояд (ба ин муҳоҷирони мусулмон, ки ба гуфтааш, то 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд, дохил нестанд).

Дар айни замон, танҳо дар шаҳри Уфа, ки тақрибан 500 ҳазор православӣ ҳаст, 36 калисо (барои 13900 православӣ як калисо) ва дар Қазон, ки зиёда аз 600 ҳазор православӣ ҳаст, 47 калисо ва ибодатгоҳ сохтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG