Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA як зина поин шуд


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги нави FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, як зина поин рафт ва дар байни 211 кишвар бо 1182 имтиёз дар ҷойи 109-ум қарор дорад.

Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1840 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1838 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бразилия бо 1834 имтиёз дар зинаи сеюм мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (30-юм, 1530 имтиёз), Русия (37-ум, 1495 имтиёз) ва Узбекистон (74-ум, 1318 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (112-ум), Озарбойҷон (124-ум), Латвия (132-юм), Туркманистон (137-ум), Литва (146-ум) ва Молдова (171-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (74-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 18-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 20-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 24-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 27-ум) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ахиран дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, дар меҳмонӣ ду бозии дӯстона анҷом дод.

Бозии санҷишӣ миёни тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 25-уми март дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Абузабӣ – бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт, ки 28-уми март дар шаҳри Ал-Кувайт барпо гардид, мизбонон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт баъди анҷоми ин бозиҳои дӯстона гуфт, “дар ин бозиҳо мо ҳам бозигарони пуртаҷриба ва ҳам ҷавононро озмоиш кардем. Инчунин ба чанд бозигаре, ки боз ба даста даъват шудаанд, имкон додем ҳунари худро нишон диҳанд. Ҳоло дар даста барои ба ҳайати асосӣ шомил шудан рақобат хеле сахт шудааст. Бинобар ин, касе намехоҳад мавқеашро аз даст бидиҳад. Мо ба қатори 24 дастае, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтаанд, дохилем ва мекӯшем, ки ба қаҳрамонии Осиё хуб омода шавем ва натиҷаи дилхоҳ ба даст биёрем.”

Зимнан, ширкат дар бозиҳои дӯстона барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё буд, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG