Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи ширкати писари Бег Сабур дар Кӯлоб дубора бархост. ВИДЕО


Яке аз биноҳои вобаста ба наздикони Бег Сабур дар Кӯлоб
Яке аз биноҳои вобаста ба наздикони Бег Сабур дар Кӯлоб

Радиои Озодӣ ҳуҷҷатеро ёфт, ки ҳашт ширкату бино ва корхонаи вобаста ба наздикони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, беш аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ пули барқро насупоридаанд. Ин рақам то охири моҳи январи имсолро дар бар мегирад.

Аксари қарзро ба номи “Комил 2010” навиштаанд. Ин ширкат ба Сиёвуш Зуҳурови 30-сола, муштзан ва писари Бег Сабур, тааллуқ дорад.

Мақомот қарзи ширкатҳои вобаста ба наздикони Бег Сабурро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки мардум ва корхонаҳо миллионҳо сомонӣ аз истифодаи барқ қарздоранд.

Баҳром Ҳикматзода, як намояндаи Идораи барқи Кӯлоб, чанде пеш дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар соли 2022 дар умум 39 миллиону 792 ҳазор сомонӣ мондааст. 11 миллиону 106 ҳазор сомонӣ аз аҳолӣ, боқимонда аз ташкилоти буҷетӣ, беҳдошти замин ва корхонаҳои саноатӣ."

Кӯшишҳо барои ёфтани масъулони “Комил 2010” бенатиҷа буд. Бег Сабур низ барои шарҳи мавзуъ дастрас нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ширкатҳои Бег Сабур чӣ қадар қарздоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Бори аввал нест, ки қарзи барқу андоз ширкатҳои зери раҳбарии ӯ ва корхонаҳои вобаста ба наздиконашро ангуштнамо мекунад. Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кӯлоб, се сол пеш гуфта буд, ки ширкати “Комил 2010” зиёда аз чаҳор миллион сомонӣ аз андоз қарздор асту чора мебинанд. Дертар худаш боздошт ва зиндонӣ шуд.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа, пештар дар суҳбате гуфта буд, ки пули барқу андозро дар вақташ месупоранд ва чунин мушкил ҷой надорад. ​

Намояндагони мухолифон мегӯянд, наздикӣ бо раисиҷумҳур ба Бег Сабур ва пайвандонаш “иҷоза” додааст, ки пули барқу андозро дар вақташ насупоранд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, сими барқи сокинон барои қарздории хурд зуд бурида мешавад.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, як фаъоли сиёсӣ дар Аврупо, мегӯяд, “имрӯз тамоми имкониятҳои давлатро ба манфиатҳои шахсии худ истифода мебаранд. Тамоми корхонаҳои саноатии бузург дар Тоҷикистон, ки фаъоланд ва бояд буҷети кишварро пур кунанд, ба хонаводаи раисиҷумҳур тааллуқ доранд. Мушкили калони пур кардани буҷет ҳам аз ин ҳисоб аст. Бори гарон ба гардани онҳое меафтад, ки тиҷорати хурд доранд.”

Дар идораи барқи Кӯлоб мегӯянд, номи қарздорони бузургро ба додситонӣ пешниҳод хоҳанд кард. Маълум нест, ширкатҳои вобаста ба пайвандони Бег Сабур дар ин қатор ҳастанд ё не. Шахсе, ки дувоздаҳ сол боз Хадамоти алоқаро раҳбарӣ дорад, вале ба гуфтаи худаш ба таъмини мардум бо хона дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳам машғул аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG