Гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2023), ки рӯзҳои 7-9-уми апрел дар шаҳри Алмато доир мегардад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар миёни наврасон ҳафт варзишгар ва миёни ҷавонон шаш варзишгар дохиланд:
Наврасон
-50 кг – Меҳроҷиддин Гадоев
-55 кг – Лоиқ Қутбиддинов
-66 кг – Ворис Назаров
-73 кг – Аминҷон Абдуҷалилзода
-81 кг – Исмоил Бурҳонов
-90 кг – Баҳоваддин Сулаймонов
+90 кг – Фараҳманд Устопиров
Ҷавонон
-60 кг – Саъдӣ Маҳмадов
-73 кг – Абубакр Шеров
-81 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
-81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода
-90 кг – Умедҷон Раҷабов
+100 кг – Иброҳимҷон Элмуродов
Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн - духтарон) ва 14 вазн миёни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн - духтарон) сурат мегирад. Варзишгарони тоҷик танҳо миёни писарон рақобат мекунанд.
Чунонки сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон (оlympic.kz) хабар додааст, мусобиқот дар Қасри варзиши ба номи Балуан Шолаки шаҳри Алмато ба хотираи Бекет Маҳмудов, собиқ раиси Федератсияи ҷудои Қазоқистон ва ноиби президенти Иттиҳоди ҷудои Осиё, бори шашум доир мегардад.
Дар Ҷоми бози Осиё иштироки беш аз 400 варзишгар аз Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Юнон, Ҳонконг, Гурҷистон, Муғулистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар назар аст.
Ба ҷуз аз медал, ғолибону ҷоизадорони мусобиқот соҳиби имтиёзҳо дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонӣ мегарданд. Аз он ҷумла, ғолиби мусобиқот 100 имтиёз, ҷоизадори нуқра 60 ва ҷоизадори биринҷӣ 40 имтиёз мегиранд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта Абубакр Шеров, гуштигири тоҷик, дар Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Алмато медали тило гирифт. Вай дар сабқати ҷавонон дар вазни то 66 кило бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш ба финал роҳ ёфт. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Азизбек Ортиқови узбекистониро мағлуб кард ва мақоми аввалро касб намуд..
Гуфтугӯ