Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар ба ҷойи яке аз вазирон мебудед, чиро дигар мекардед? ВИДЕО


Агар вазир мебудед, чиро дигар мекардед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Баъзе аз сокинон пайваста кори ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро танқид мекунанд. Яке аз беадолатӣ шикоят дорад, дигаре аз бекорӣ ва бархӯрди номуносиби мансабдорон бо мардум. Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми апрел аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки агар фаразан ба ҷойи яке аз вазирону раисони идораҳои давлатии Тоҷикистон мебуданд, чиро дигар мекарданд?

Посухҳо ин аст:

  • "Агар раис мешудам, мардумро ба ҷойи кор таъмин мекардам ва маошро саривақт медодам."
  • "Дар ҷойи аввал донишро мегузоштам. Ҳоло бисёре аз одамон дониш доранд, вале "тағо" надоранд ва ба ин сабаб ба вазифаҳои баланд баромада наметавонанд."
  • "Халқи камбизоатро дастгирӣ мекардам, хусусан ятимону ятимдоронро."
  • "Ман худамро ягон бор дар ин зина ҳис накардаам ҳоло."
  • "Гап дар мансаб нест, гап дар кордонӣ аст. Одам бояд савод дошта бошад, фарҳанг дошта бошад. Ҳозир бо пул мансаб мегиранд. Ин хел набояд бошад."
  • "Роҳҳоро обод кунанд. Бисёре аз роҳҳои Душанбе шикаста ё канда шудааст. Обод шавад, ба фоидаи халқ аст."
  • "Муомиларо бо халқ беҳтар мекардам. Худам маъюб ҳастам ва санад ҳам дорам, вале дар бемористонҳо муносибати хуб намекунанд."
  • "Барои мисол, Вазорати тандурустиро гирем. Вазир бояд мутахассисонеро монад, ки ба кори худ ҷавоб дода тавонанд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG