Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 сол пеш дар Душанбе чӣ гузашт?


Рӯзи аввали гирдиҳамоӣ, 11-уми феврали соли 1990
Рӯзи аввали гирдиҳамоӣ, 11-уми феврали соли 1990

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Баҳсҳо дар атрофи баҳманмоҳ

Аз воқеаҳои хунини баҳманмоҳи соли 1990 беш аз 33 сол гузашт. Дар ин муддат расонаҳо ва пажӯҳишгарони дохиливу хориҷӣ ҷанбаҳои гуногуни қазияро баррасӣ ва андешаҳои ба ҳам зидро баён кардаанд.

Ба мавзуъ дар баробари Тоҷикистон аз ҳама бештар дар Русия таваҷҷуҳ кардаанд. Ин табиист, зеро русҳо, ки солҳои дароз дар инҷо мезистанд, дар охири солҳои 1980-1990 ба дунболи бад шудани вазъият ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҷумҳурии моро барои ҳамеша тарк карданд.

Яке аз мавзуъҳои дӯстдоштаи баъзе аз фаъолони сиёсиву иҷтимоии Русия ва расонаҳои русӣ дар пайванд ба баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе масъалаи бофтаву сохта роҷеъ ба миллатгароии тоҷикон ва куштори оммавии русҳо дар рафти ин низои дувуним ё серӯза аст.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Мутаассифона, бо гузашти солҳо ин иттиҳомот тафсили воҳимаангез гирифт ва дар ҷомеаи ҳозираи Русия андешае ташаккул ёфт, ки гуё дар ин низоъ дар Душанбе тоҷикон асосан ба муқобили арманиҳои гуреза ва русҳои муқими Тоҷикистон қиём карданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 2-3 моҳи аввали баъд аз сар задани ин низоъ баҳогузории расонаҳои Маскав дар ин масъала эҳтиёткорона буд.

Масалан, онҳоеро, ки дар амалҳои тахрибкорона, латукӯби занони рус ва ё занони тоҷики аврупоипӯш ширкат карда буданд, миллатгаро ва ё ифротӣ мегуфтанд. Воқеият ин аст, ки дар баҳманмоҳи хунини соли 1990 намояндагони бисёре аз миллатҳо зарар дида буданд, бахусус тоҷикон.

Масалан, дар миёни 25 нафаре, ки дар ин рӯзҳо аз тири автомат ҷон бохт, аз ҷумла Аъзам Шерови 16-сола, шогирди яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе буд. Аз сўи дигар, дар ин рӯзҳо тоҷикон сарфи назар аз хатарҳои зиёд занону мардони русро аз латукӯб ва таҳқири тӯдаи хашмини тирбороншуда наҷот доданд. Дар аксар расонаҳои чопи Маскав дар ин бора ё чизе нанавиштанд ва ё вонамуд карданд, ки аз чунин фактҳо хабар надоранд.

Олег Панфилов, хабарнигори онвақтаи “Комсомолетс Таджикистана”, дар мақолае баҳори соли 1990 навиштааст, дар рӯзҳои баҳманмоҳи хунин тоҷикон занону духтарони русро либоси тоҷикӣ пӯшонда, дар хонаҳои худ пинҳон карда буданд. Ба қавли ӯ, ронандагони тоҷик тӯдаи ифротгароёнро рахна карда, русҳоро наҷот медоданд. Ҳамчунин, дар ҳайати дастаҳои худмуҳофизатие, ки рӯзҳои 13-14-уми феврал дар шаҳри Душанбе ташкил шуда буданд, тоҷикон низ фаъолона ширкат доштанд.

Тазоҳурот дар назди меҳмонхонаи "Тоҷикистон", рӯзи 13-уми феврали соли 1990, дар Душанбе
Тазоҳурот дар назди меҳмонхонаи "Тоҷикистон", рӯзи 13-уми феврали соли 1990, дар Душанбе

Дар моҳи майи ҳамон сол Виктор Пономарёви публитсист, ки ҳамчун шореҳи ТАСС муаррифӣ мешуд ва дар асл корманди Кумитаи давлатии бехатарии ИҶШС буд, мақолаеро зери унвони “Зангӯлаҳои умед” дар рӯзномаи “Правда” навишт. Вай масъалаи куштори русҳоро дар баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе дар миён гузошту барҷаста кард.

Ин “хабарнигор”, ки ҳамроҳи гурӯҳи “Алфа”-и КДБ ИҶШС ба чанд нуқтаи доғ сафар карда, гузориш навишта буд, мегӯяд, бо шоҳидони кушта шудани як бачаи рус, ба дарёи Душанбе партофтани як зани рус ва инчунин таҷовуз шудани як зани ҳомилаи тоҷики аврупоипӯш суҳбат кардааст.

Пономарёв дар ин мақола таъкид кардааст, ки бояд дар бораи ин зани ҳомила дар протоколҳои милитсия маълумот ҷуста нашавад, зеро тибқи қонунҳои шариат тоҷикон ӯро зуд ба таври пинҳонӣ гўронданд, то овоза дар бораи таҷовуз шуданаш аз деворҳои хонаводаи онҳо берун нашавад.

Ҳамин тариқ, “Зангӯлаҳои умед” мақолаи нахустине буд, ки афкори ҷомеаи Русияро дар рӯҳияи тоҷикбадбинӣ ташаккул дод, аммо сарфи назар аз ғаразнок будани навишта, онро баъд аз чанд рӯз рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, “Тоҷикистони советӣ” – органи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон чоп карданд.

Вақте баъзе равшанфикрон аз Тоҷикистон, аз ҷумла, файласуф Мирбобо Мирраҳимов ба мақолаи “Зангӯлаҳои умед” посух навишта, аз идораи рӯзномаи “Правда” талаб карданд, ки В.Пономарёв далелҳояшро собит кунад ё аз халқи тоҷик узр бипурсад, қазия ранги дигар гирифт.

Нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар маркази Душанбе, 14-уми феврали соли 1990
Нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар маркази Душанбе, 14-уми феврали соли 1990

Акнун Пономарёв бояд манбаъҳоеро, ки барояш роҷеъ ба қатли як писар ва ба дарё партофтани як зани рус ва инчунин зани таҷовузшудаи тоҷик далелҳо пешниҳод карда буданд, ифшо мекард ё бо далелҳои раднашаванда худро ҳимоя менамуд.

Дар ин вазъият рӯзномаи “Правда” ҳозир нашуд, ки Пономарёвро ҳимоят кунад, зеро дар идораи рӯзномаи рақами 1-и ИҶШС хуб медонистанд, ки гуфтаҳое аз қабили “одамон диданду гуфтанду шуниданд” дар ягон ҷо ҳамчун далели боварбахш қабул намешавад, хусусан, дар додгоҳҳо.

Сирре, ки Пономарёв ошкор кард

Сардори Бригадаи тафтишотӣ доир ба ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ҳангоми бозпурсӣ Пономарёв эътироф кардааст, ки ин “далел”-ҳоро ба ӯ на “одамон”, балки раиси КБД-и ҷумҳурӣ В.Петкел ва генерали КБД-и ИҶШС В.Воротников дода буданд.

Худи В.Петкел солҳо баъд дар китоби хотироташ мақолаи “Зангӯлаҳои умед”-ро ситоиш карда, нуктаҳои асосии онро тасдиқ мекунад, аммо дар ҷараёни тафтишот аксар далелҳои мақола тасдиқи худро намеёбанд, аз ҷумла куштани писар ва ба дарё партофтани зани рус ва як зани ҳомилаи тоҷик.

Ба қавли Петкел, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ин мақоларо туҳмат ҳисобид, прокурору вазири адлия ва роҳбарони дигари ҷумҳурӣ як қатор далелҳои онро дур аз ҳақиқат ҳисоб карданд. Аз ин рӯ, Петкел хулоса карда мегӯяд, дар Тоҷикистон “миллатгароӣ худро ҳамин гуна нишон дод”.

Номбурда ҳамчунин дар баробари роҳбарони ҷумҳурӣ, гурӯҳҳои вижаи “Алфа” ва “З”-ро, ки зери роҳбарии генерал Воротников, муовини сардори Раёсати 5-уми КБД-и ИҶШС барои ба эътидол овардани вазъият ба Душанбе фиристода шуда буданд, танқид кардааст.

“Онҳое, ки аз Маскав омаданд, дар бинои КДБ шишта, барои ба эътидол овардани тартибот ёрии амалӣ нарасонда, ...фақат машварат медоданд, ки бо тӯдаи ошӯбгарон бо таҳаммул музокира бурда шавад, аммо гуфтушунид бо онҳо бефоида буд”, - навиштааст Петкел.

Дар асл, интиқоди Петкел аз “Алфа” хилофи ҳақиқат аст, зеро ин гурӯҳ дар саркӯб кардани эътирозгарон ва ҳатто ташкили дастаҳои худмуҳофизатӣ дар шаҳри Душанбе нақши муҳим бозид, зеро ин таҷрибаро қаблан дар дигар ҷумҳуриҳо андӯхта буд.

Ин нуктаро низ бояд ишора кунам, ки Петкел дар мавриди куштори оммавии русҳо дар баҳманмоҳи соли 1990 чизе намегӯяд.

Гирдиҳамоии 17-уми феврали соли 1990 дар назди Кохи Борбад
Гирдиҳамоии 17-уми феврали соли 1990 дар назди Кохи Борбад

Баръакси Петкел, генерал Воротников дар мусоҳибаҳои худ аслан на аз мақолаи “Зангӯлаҳои умед” ёд мекунад ва на аз Пономарёв. Гузашта аз ин, ӯ дар мавриди куштори оммавии русҳо дар баҳманмоҳи соли 1990 дар пойтахти Тоҷикистон низ ягон ишора намекунад.

Ба гуфтаи Воротников, бетартибиҳоро дар Душанбе қишлоқиҳое, ки аз кӯҳҳо фаромада буданд, ташкил карда, сипас изҳор доштанд, ки ҳукумат дар Тоҷикистон ба дасти “нерӯҳои миллӣ” гузаштааст. Дар идома ӯ меафзояд, баъди ин эъломия зӯроварӣ нисбат ба русҳои муқими ҷумҳурӣ шуруъ шуд.

“Миллатгароён автобусҳоро дар роҳҳо дошта, мусофиронро ғорат мекарданд, занҳои русро ба рӯи роҳ мепартофтанд”, – мегўяд генерали мазкур.

Дар як мусоҳибаи дигари худ Воротников мегӯяд, ки “бандитҳо аҳолиро бо зӯроварӣ тарсонда, русҳоро латукӯб мекарданд, аммо инҳо тоҷикони маҳаллӣ, яъне душанбегиҳо набуданд, инҳо чунин корро ҳеч гоҳ раво намедиданд, аммо кӯҳистониҳо банг кашида, боҷуръат мешаванд”.

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чаро на В.Петкел ва на В.Воротников дар бораи куштори оммавии русҳо дар воқеоти баҳманмоҳи соли 1990 ҳатто ягон ишора намекунанд? Мутмаинам, ки Воротников ва Петкел ин низоъро бештар аз дигарон медонистанд, бино бар ин, агар чунин далелҳо вуҷуд медоштанд, бешак, онҳоро баъд аз пош хӯрдани Шӯравӣ ва ба истеъфо рафтани худашон ҳатман дар китобу мусоҳибаҳо расонаӣ мекарданд.

Сарфи назар кардани ин мавзуъ, ба назари ман, нишонаи тоҷикдӯстдорӣ ва ё интернатсионализми Шӯравӣ набуд. Шояд ин чанд сабаб дошта бошад, аз ҷумла:

  • Далели куштори оммавии русҳоро дар баҳманмоҳи соли 1990 Бригадаи тафтишотӣ, ки чор моҳи аввал зери роҳбарии кормандони КДБ ва Прокуратураи генералии ИҶШС фаъолият мекард, пайдо накард. Хулосаи Бригадаи мазкур чунин буд, ки дар баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе бетартибиҳои оммавӣ сурат гирифта буданд, аммо он хислати зиддирусӣ надошт;
  • Хулосаи Бригадаи мазкурро Прокурори генералии ИҶШС Сухарев дар ҷаласаи Политбюрои КМ ҲКИШ ироа кард ва онро роҳбарони давлати Шӯравӣ тасдиқ карданд;
  • Солҳо баъд собиқ роҳбари ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар як мусоҳибаи худ гуфт, дар сар задани баҳманмоҳи соли 1990 бархе аз масъулони КДБ-и Маскав ва ҷумҳурӣ даст доштанд. Номбурда нагуфт, В.Петкел дар ин ҳодиса даст дошт ё надошт. Қаҳҳор Маҳкамов фақат изҳор дошт, ки “мо Петкелро аз ҷумҳурӣ рондем”.
  • Агар В.Петкел ва В.Воротников мисли дигар роҳбарони ҷумҳурӣ ва эмиссари Маскав дар рӯзҳои баҳманмоҳи соли 1990 К.Пуго бозпурсӣ мешуданд, сирри зиёде ошкор мешуд. В.Пономарёв танҳо як бор бозпурсӣ шуд, аммо ИҶШС барҳам хӯрд ва ҷониби Русия ҳамкорӣ накард, то ки шахсони зикршуда мавриди бозпурсии муфаттишони тоҷик қарор гиранд;
  • Роҳбари гурӯҳи “Алфа” полковник Головатов дар як мусоҳиба зикр мекунад, ки барои баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе ва низои моҳи январи соли 1991 дар Вилнюс ӯро ҳукми абад интизор аст.

Гуфтаҳои полковник Головатов аз он далолат мекунад, ки саволҳои Бригадаи тафтишотии санҷиши воқеаҳои баҳманмоҳи соли 1990 нисбат ба ӯ ва гурӯҳи “Алфа” хеле ҷиддитар аз он будааст, ки мо фикр мекунем, вагарна ӯ ҳатто бо гузашти 20 сол нигарон будани худашро изҳор намекард.

Полковник Головатов соли 2011 дар Вена боздошт шуд, аммо ба зудӣ бо дахолати ҳукумати Русия, ки бо ҳукумати Австрия равобити хуб дошт, озод гардид. Дар 10 соли охири зиндагии худ номбурда, ки раиси Федератсияи лижаронҳои Русия буд, аз сафар кардан ба кишварҳои Аврупо ва Амрико худдорӣ кард, зеро хавф дошт, ки ӯро боздошт карда, ба Литва месупоранд.

Соли 2019 собиқ фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и КДБ –и ИҶШС полковник Головатов аз ҷониби додгоҳи Литва ба таври ғоибона ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Идома дорад

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG