Исфандиёри Одина, рӯзноманигори озод
Яке мегӯяд, ҷояш ҷаннат шавад, дигарӣ мегӯяд, гӯраш бисӯзад. Яке бар ин бовар аст, ки ӯ ба мо истиқлол ва озодӣ армуғон овард, дигарӣ муътақид аст, ӯ як хоин буд, ки бо дасисаи хориҷиён давлати “абарқудрат ва серу пури” Шӯравиро дучори фурӯпошӣ кард. Навиштаҳои корбарони тоҷики Фейсбук баёнгари дудастагие шигифтангез дар афкори умумии Тоҷикистон нисбат ба даргузашти Михаил Горбачев, нахустину вопасин раиси ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ, аст.
Чаро нахустину вопасин? Чун то рӯйи кор омадани ӯ ҳеч раҳбари Шӯравӣ унвони раисҷумҳур надошт. Ин унвон ҳосили ислоҳоти Горбачев буд, ки дар солҳои охири ҳукуматаш расмият ёфт, вале дер напойид.
“Подшоҳи нав”
Фикр мекунам, дудастагӣ (иншиъоб) дар афкори умумии тоҷикон аз ҳамон оғози зимоми умурро ба даст гирифтани Горбачев дар соли 1985 шурӯъ шуд. Пеш аз ӯ ду дабири кулли ҳизби коммунист, Андропов ва Черненко, солхӯрда буданд ва зуд даргузаштанд. Ин бор ҳама интизор доштанд, шахси ҷавонтаре зимоми умурро дар даст бигирад, то мисли Брежнев солҳои дароз дар қудрат бимонад ва амнияту оромиши умумиро ҳифз кунад. Бавижа ин ки тибқи навиштаи рӯзномаҳои Шӯравӣ, “душмани ғаддоре” ба номи Амрико аз он сӯи обҳо ҳамвора дар камин нишаста буд ва ҳар замон имкон дошт, ба ин “қишлоқи тилоӣ” шабохун занад.
То ҷое, ки ба ёд дорам, бисёре аз мардуми деҳаи мо дар Фалғар аз “интихоби” Горбачев, ки аз радио шунида буданд, нафаси роҳат кашиданд, вале ин оромиши хотир чандон дер давом накард. Чун вақте рӯзномаҳо ба дасти мардум расид ва акси Горбачевро аз наздик диданд, иддае доғи пешонии ӯро ба фоли бад гирифтанд.
Ҳамсояи мо, холаи Ҳоҷибибӣ, ки аз Сои Нова, маҳалли таҷаммӯи мардуми маҳаллӣ, бармегаштанд, ба ҷои хонаи худашон рост ба хонаи мо омаданду гуфтанд, ки “подшоҳи нав” дар пешонияш хол доштаасту “илоҳӣ ҷанг нашавад ва Худо моро дар паноҳаш нигоҳ дорад.”
Яке аз хоҳарони бузургам, ки рӯзнома мехонд, сарашро бардошту нидои хушҳолона дардод, ки ин одам ҳамсоли падарамон будааст, қиёфааш ҳам то ҳадде шабеҳ аст ва мисли падарамон аз чеҳрааш “нур меборад”, пас, ҷои нигаронӣ несту ба хурофот набояд бовар кард.
Горбачев дарвоқеъ марде хушқиёфа буд, табассуме мармузу дилпазир дар чеҳрааш ҳувайдо буд, бисёре мегуфтанд ситорагарм аст. Ба назарам, ин чеҳраи кушоду табассуми мармуз ва гуфтори оромона ва нармаш барои бархеҳо мақбул набуд, чун зоҳиран интизор доштанд, фарде бо қиёфаи ҷиддитар ва бисёр қудратманд рӯи кор ояд ва ҳар хилофкореро монанди Сталин дарҷо бипаронад, то бар дигарон сабақ шавад.
Аҷиб ин ки ҳамаи афроде, ки чунин тафаккуре доштанд, худашон заруратан чунин ҷиддию сахтгир ва золим ба назар намерасиданд. Нармхӯ буданд, вале бовар доштанд, ки сиёсатмадор набояд нармхӯ бошад, гуё сиёсатро бо сиёҳӣ тавъам медиданд.
Амаки Абдуазим, ки ба “аризанивисӣ” шуҳрат доштанд, нороҳат ба назар мерасиданд. Хонаашон дар Меҳани Боло буд, вале назди хонаи мо як порча замин доштанд. Рӯзе барои об додани мазраъа омада буданд. Мо рӯи айвон нишаста будем, ки сару каллашон аз пушти симтури заминамон намоён шуд, бо ҳамон сабили сталинӣ ва шалвори сабзи низомӣ, ки то зону васеъ буд ва аз зону пойин танг мешуд. Ва бо мӯзаҳои порчаӣ, ки “калонҳои” колхоз низ маъмулан мепӯшиданд. Падарам ба як пиёла чой фаро хонданд. Дар суҳбат бо падарам гуфтанд, ки “ин Гурбача охир кудом балое сари СССР меорад.”
Солмандон номи раҳбари ҷадиди Шӯравиро ба шеваи порсии куҳан “Гурбочуф” талаффуз мекарданд, ҷавонҳо талаффузи русияшро тарҷеҳ медоданд. Муаллими “меҳнат”, Холов, номи ӯро бекаму кост, ба шакли “Михаил Сергеевич Горбачёв”, ба забон меовард. Ба назарам, ӯ беш аз дигарон ба Горбачев иродат дошт, чун бештари дарсҳоро ба шарҳи сиёсатҳои ӯ ихтисос медод. Чизи хоссе аз он дарсҳо ба ёдам намонда, вале калимаҳое чун “бозсозӣ” ва “ошкорбаёнӣ”-ро бори аввал онҷо шунидам.
Мо, навҷавонон, аз ин сиёсатҳо сар дарнамеовардем. Саъй мекардам, бо хондани матолибе аз рӯзномаҳое, ки ба хонаамон меомад ва саҳифаҳояшон пур аз “нутқҳои” Горбачев буд, ба асли ин сиёсатҳо бирасам. Вале аз форсии шикастабастаи он нашрияҳо, ки саршор аз калимаҳои русӣ бо мафоҳиме гунг буд, чизе ба ман оид намешуд, тоза хоб бар ман ғалаба мекард.
Аз хати порсӣ то қоидаҳои бағдодӣ
Боре як маҷлиси падару модарон дар клуби деҳа баргузор шуд, ки ҳамаи донишомӯзони мактабро онҷо бурда буданд. Аввал суханрониҳо бештар ташрифотӣ буд, вале дар миёни ҷаласа устоди равоншод Соатов аз ақиби толор бархостанду аз ҳамонҷо суханоне пуршӯр ва интиқодомез дар бораи вазъи мактаб гуфтанд. Сипас баргаштанду ба чанде аз донишомӯзони синфҳои болоӣ гуфтанд, ки чаро озодона ҳарфатонро намегӯед?
Инҷо буд, ки бори аввал эҳсос кардам, миёни омӯзгорон ҳам ихтилофи назар мавҷуд буда ва бархе аз онҳо низ бо ҳамдигар ё бо мудирон сари созгорӣ надоштаанд. Ин низоми “табақотӣ”, ки шабеҳи “буржуазӣ ва пролетар” буд, дар чашми ман шурӯъ ба ранг бохтан кард ва аз он пас бархӯрди омӯзгорон бо донишомӯзон отифитару худмонитар шуд.
Батадриҷ, ки мо бузургтар мешудем, баҳсу гуфтугӯҳо низ дар бораи сиёсатҳои ислоҳгароёнаи Горбачев дар кӯчаву паскӯча гармтар мешуд. Ман эҳсос мекардам, матолиби рӯзномаҳо низ сол ба сол ҷаззобтар мешуд ва ман бештар рӯзнома мехондам. Ба дунболи баҳсҳо перомуни забони миллӣ ва расмият ёфтани он бештари рӯзномаҳо дарсҳое барои омӯзиши хати ниёкон чоп мекарданд ва мо шуруъ кардем ба ёд гирифтани хати порсӣ. Устод Тилавмурод ҳам дар мактаб ба тадриси алифбои порсӣ шурӯъ карданд.
Ҳарчанд ҷамоҳири Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, баъд аз кудетои моҳи август худро мустақил эълон карда буданд, ба назар мерасид, ки Шӯравӣ ҳамчунон побарҷост.
Баҳси дину эҳёи суннатҳо ҳам матраҳ буд ва расми “Бойчечак”, ки аз омадани баҳор дар авохири исфандмоҳ навид медод ва чанд соле аз байн рафта буд, дубора эҳё шуд. Дарҳои масоҷид ҳам боз шуд ва ағлаб солмандон ба масҷид мерафтанд. Насли ҷавон ҳам андак-андак равонаи масҷид шуданд ва ба хондани китоби “Қоидаҳои бағдодӣ” шурӯъ карданд.
Боре устод Маҳмудов, ки роҳбари синфи мо буданд, аз мо пурсиданд, кӣ мехоҳад ба чи нашрияе обуна шавад. Қаблан чунин пурсишҳо намешуд. Ман нашрияи “Сухан”-ро интихоб кардам, ки Насибҷони Амонӣ таъсис дода буд. Шояд як сол ё бештар аз он ин нашрияро мегирифтам, мехондам ва ҳифз мекардам. Ба синфҳои болотар, ки расидем, поямон ба маркази ноҳия боз шуда буд, дар баъзе аз олимпиадаҳо ширкат мекардем. Боре дар маркази ноҳия чашмам дар киоске ба нашрияи “Адолат” уфтод, ки онро харидам ва ба русто овардам.
Ин нашрия аз даст ба даст мегашт. Намедонам билохира куҷо қарор гирифт, ки дигар надидам. Пеш аз он нашрияи “Растохез”-ро дар дасти мудири мактаб дида будам.
Ҳаводиси маъруф ба “Баҳманмоҳи хунин” иншиъоб дар афкори умумиро бештар бармало кард. Мардум дар бораи ончи дар Душанбе ва Маскав мегузашт, гоҳ назарҳои мухолифи ҳам баён мекарданд. Ин дудастагӣ дар муҳтавои нашрияҳо низ аз ҳад зиёд намоён мешуд. Иддае бо мавҷудияти давлати Шӯравӣ аз бун мухолиф буданд. Бо ин ҳол, дар ҳамапурсии моҳи марти 1991 аксари мардум, аз ҷумла дар рустои мо, ба тарафдорӣ аз бақои Шӯравӣ раъй доданд, касе фикр намекард, ки ин давлат як сол бештар умр надорад.
Чанд моҳ баъд, замоне ки кудетои маъруф ба “ГКЧП” дар Маскав рух дод, эҳсос кардам, ки барои чанд рӯз ҳамаҷо сокиту хомӯш шуд. Касе аз сиёсат ҳарф намезад, гуё дубора ба даврони Брежнев баргашта будем.
Дар поёни русто мазраъаи танбоку доштем, ки як рӯз онҷо рафта будам. Ногаҳ дидам, ки амаки Абдуазим аз поён бо миёни хамида ва пиёда меоянд. Канори мазраъаи муаллим Холов истоданду нафасе рост карданд ва ба ӯ хушҳолона гуфтанд, ки “Гурбочуф сарнагун шуд, дубора як кас мисли Сталин сари қудрат меояд ва ҳама чиз хуб мешавад.” Ман ба муаллим Холов, ки бар бел такя зада буд, кунҷковона нигаристам. Сураташ сурх шуду чашме ба ҳам зад ва бо нимтабассум гуфт, “шумо ин хабара аз куҷо шунидед? Ин дурӯғ аст.”
Наздик буд бо ҳам дастбагиребон шаванд. Аз ваҷоҳати ҳарду маълум буд, ки қаблан ҳам мушоҷарае бар сари Горбачев доштаанд. Акнун яке эҳсоси пирӯзӣ дошту дигарӣ аз нокомӣ ба танг омада буд. Ба назари ман ин тур омад. Чанде рӯз баъд, ки кудето шикаст хӯрд, дубора нашрияҳо ба русто сарозер шуд ва баҳсҳо доғ шуд, вале ман дигар ин дуро надидам, ки бо ҳам суҳбат карда бошанд.
Раҳмон Набиев ё Давлати Худоназар?
Ба ҳар ҳол, сукут рахт басту гуфтугӯҳо дар бораи сиёсат ва иттифоқоте, ки ба дунболи он дар Душанбе рух дод, аз ҷумла яке пас аз дигаре мустақил шудани ҷамоҳири шӯравии собиқ, дубора дар фазо печид. Дудастагӣ ва ихтилофи назарҳо дар миёни рустоиён бавижа дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба авҷи худ расид. Ман аксе таблиғотиро аз Давлати Худоназар аз байни яке аз нашрияҳо гирифтаму бурдам ба маҳалли таҷаммӯи рустоиён ва бар дарвозае часпондам. Соате пас дубора онҷо рафтам ва дидам, ки он аксро пора карда буданд.
Дар ин интихобот (24-уми ноябри 1991) Раҳмон Набиев баранда шуд, ки ростӣ, бар муроди ман набуд. Мехостам, як шахсияти фарҳангӣ, ислоҳталаб ва ҷаҳондида раисҷумҳур шавад. Давлати Худоназар бо меъёрҳои он замони ман барои як раисҷумҳур бештар ҳамхонӣ дошт. Фикр мекардам, афкораш пешрафтатар буд ва бо таваҷҷуҳ ба сафарҳое, ки ба хориҷа дошт, бо кишварҳои дигар метавонист робитаҳои беҳтаре эҷод кунад, дар ҳоле ки Набиев шабеҳи раисони колхозҳои Шӯравӣ буд, ки аз ваҷоҳаташон хушам намеомад.
Ҳарчанд ҷамоҳири Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, баъд аз кудетои моҳи август худро мустақил эълон карда буданд, ба назар мерасид, ки Шӯравӣ ҳамчунон побарҷост. Ҳудуди як моҳ пас аз интихоботи Тоҷикистон ва дар пайи имзои қарордоди Беловеж Шӯравӣ барои ҳамеша ба таърих пайваст.
“Ҳукумат ба фикри ҳифзи пойгоҳ ва ҷойгоҳи худ буд”
Даврони ҳукумати Горбачев ҳам ба поён расид. Муҳимтарин мероси ӯ барои насли даврони мо истиқлоли Тоҷикистон буд, истиқлоле, ки ба бовари бисёре, муфт омад, вале баъдан мо баҳои гароне барои он пардохтем. Чизи дигари он даврон ҳамин иншиъоб ё дудастагӣ дар афкори умумист, ки дигар ҳаргиз рахт набаст. Иншиъобе, ки баъдан аз сӯи мақомҳои вақти Тоҷикистон бадурустӣ мудирият нашуд ва мардумро ба ду майдон кашид, думайдонӣ ҳам ба ҷанги дохилӣ доман зад.
Ҳукумати феълӣ ҳамеша дам аз ваҳдат мезанад, вале рӯйдодҳои чанд соли охир собит кард, ки ҳеч ваҳдати воқеӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Аз диди ман, мақомҳои вақти Тоҷикистон, ки аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳайратзада шуда буданд, ба дарки дурусти Истиқлол нарасиданд, маънои онро нафаҳмиданд. Ҳанӯз худро вобастаи Кремлин медонистанд ва мунтазир буданд, ки касе аз Маскав ояду ба ҷои онҳо тасмим бигирад ва кишварро аз ин ранҷу кулфат берун кашад. Ба ҷои тасмимҳои қотеонатар дар ростои коҳиши таниш ва ҳифзи оромиши умумӣ, ба иқдомоте даст заданд, ки эҳсосоти умумиро бештар барангехт ва ба танишҳои бештаре доман зад.
Ҳукумати вақт бештар ба фикри ҳифзи пойгоҳ ва ҷойгоҳи худаш буд ва натиҷааш ин шуд, на тавонист ҷойгоҳашро ҳифз кунад ва на тавонист ооромишро ба мардум баргардонад.
Ин ки баъдан чи шуд, аз маҷоли ин бас хориҷ аст, вале бо гузашти се даҳа аз фурӯпошии Шӯравӣ мебинем, ки он иншиъоб ва дудастагӣ, ки дар даврони зимомдории Горбачев падид омад, ҳамчунон гиребонгири миллат ва ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Касоне ҳанӯз ҳам ҳасрати Шӯравиро мехӯранд ва дилашон барои зиндагии “серу пури” он даврон танг аст, ба Горбачев ҳам дар ҳар фурсати мумкин нафрин мефиристанд. Гурӯҳи дигар озодӣ ва истиқлолро арзише бартар ва муҳимтар медонанд, агарчи ин истиқлол ноқис ва осебдида аст ва ба сурати комил ба аҳдоф ва ормонҳояш, монанди эҳёи хати порсӣ, нарасидааст. Ҳарчанд ҳукумати феълӣ ҳамеша дам аз ваҳдат мезанад, вале рӯйдодҳои чанд соли охир собит кард, ки ҳеч ваҳдати воқеӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Гуфтугӯ