Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро ба тими миллии Кувайт бохт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Кувайт бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон шаби 28-ум ба 29-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Кувайт барпо гардид.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 9-ум кушода шуд. Тӯбро Бадр Тариқ Алӣ, бозигари мунтахаби Кувайт, ба самар расонид. Голи дуюми мизбононро Шаббоб Ал-Ҳалдӣ дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 61-ум, зад. Ҳамлагари меҳмонон Алишер Ҷалилов дар охири бозӣ, дар дақиқаи 90-ум, ҳисобро тағйир дод - 2:1 ба нафъи кувайтиҳо..

Бозии дӯстона

Кувайт –Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Бадр Тариқ Алӣ, 9 (1:0). Шаббоб Ал-Ҳалдӣ, 61 (2:0). Алишер Ҷалилов, 90 (2:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров (Шаҳром Самиев, 74), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрез Исломов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Шервонӣ Мабатшоев (Алишер Ҷалилов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Аз майдон хориҷ шуд: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон), 90 – барои баҳс бо довар.

28-уми март. Ал-Кувайт. Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад. 1000 тамошогар.

Дарвоқеъ, тимҳои миллии Тоҷикистону Кувайт аз ин пеш як бор бо ҳам рақобат карда буданд. Бозии дӯстонаи ин дастаҳо 6-уми декабри соли 2004 дар Ал-Кувайт бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.

Зимнан, ин бозии ёдаҳуми мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, ба шумор мерафт. Футболбозони тоҷик аз 11 бозӣ дар панҷтоаш пирӯз шуда, сетоашро дуранг карданд ва дар се дидор мағлуб гардиданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) қаблан дар меҳмонӣ боз як бозии дӯстона баргузор карда буд. Бозии санҷишӣ миёни тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 25-уми март дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Абузабӣ – бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт баъди анҷоми ин бозиҳои дӯстона гуфт, “дар ин бозиҳо мо ҳам бозигарони пуртаҷриба ва ҳам ҷавононро озмоиш кардем. Инчунин ба чанд бозигаре, ки боз ба даста даъват шудаанд, имкон додем ҳунари худро нишон диҳанд. Ҳоло дар даста барои ба ҳайати асосӣ шомил шудан рақобат хеле сахт шудааст. Бинобар ин, касе намехоҳад мавқеашро аз даст бидиҳад. Мо ба қатори 24 дастае, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтаанд, дохилем ва мекӯшем, ки ба қаҳрамонии Осиё хуб омода шавем ва натиҷаи дилхоҳ ба даст биёрем.”

Дар ҳамин ҳол дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии FIFA дар байни 211 тими миллӣ Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҷойи 70-ум, Тоҷикистон дар ҷойи 108-ум ва Кувайт дар ҷойи 148-ум қарор доранд.

Барои ширкат дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуда буданд. Вале бозигари калидии даста, ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов, ки дар тими «Персеполис»-и Эрон ҳунарнамоӣ мекунад, ба иллати латхӯрӣ дар ин бозиҳои дӯстона иштирок карда натавонист.

Бояд гуфт, ширкат дар бозиҳои дӯстона барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 буд, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё 24 дастаи беҳтарини қора иштирок хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт:

дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);

нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ҳақназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);

ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ Петр Сегрт (Хорватия).

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG