Дар пайи як садамаи мошини боркаш дар Кӯлоб ронанда ва ду мусофир ба ҳалокат расидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳодисаи бегоҳи рӯзи 25-уми март рух додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ронандаи мошини боркаши “Дулан”, ки сокини 39-солаи шаҳри Ваҳдат будааст, аз самти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин меомад.
Шоҳидон ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки мошини боркаш аз нишебӣ ба дохили шаҳр поён мешуд ва дар ҳамин ҳолат, чунин ба назар расид, ки “тормоз”-и мошин аз кор мондааст. Тақрибан беш аз як километр, дар роҳи пур аз одаму нақлиёт, ронандаи мошини “Дулан” талош кардааст, ки касеро зер накунад.
“Мошин хеле тез омад ва дар ҳамин ҷое, ки садама шуд, як боғ аст. Ронанда мошинро ба боғ даровардааст. Ҳама ҳайрон шуд, ки чӣ тавр ба ҷуз ронандаву мусофирон каси дигар зарар надид,”—гуфт, як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтааст, ки мошин пурра хароб шуда буд ва ҷасадҳоро пас аз пора кардани мошин ба берун бароварданд.
Дар роҳе, ки ин садама рух додааст, мошинҳои боркаш аз самти вилояти Бадахшон нишебии тӯлониеро поён мешаванд. Дар гузашта мақомот, сабаби чунин садамаҳоро аз кор мондани “тормоз”-и мошинҳои боркаш дониста буданд, ки бо вазни зиёд ва суръати баландтар ин нишебии тӯлониро поён мешаванд.