Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи байналмилалии гуштии миллӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гуштии миллӣ (гуштигирӣ) байни мардон барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 100 паҳлавон аз Арманистон, Арабистони Саудӣ, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Ҳиндустон, Эрон ва ғайра ширкат варзида, аз рӯи 5 вазн: -65 кг, -71 кг, -78 кг, -86 кг ва +86 кг рақобат карданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар ду вазн паҳлавонони тоҷик - Муллораҷаб Халифаев (-65 кг)ва Наврӯзи Каримзод (-71 кг) - ғолиб шуданд. Дар ду вазни дигар варзишгарони узбек - Аслонбек Тоҷиев (-78 кг) ва Муҳаммадкарим Хуррамов (+86 кг) - пирӯз гардиданд. Дар вазни зери 86 кило намояндаи Эрон Масъуд Қавибозу барандаи медали тило шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллари ИМА, ҷойи дуюм - 7 ҳазор доллар ва ҷойҳои сеюм 3 ҳазордолларӣ супурда шуд.

Вале дар мусобиқаи имсола паҳлавонони шинохтаи тоҷик, аз қабили Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Сомон Маҳмадбеков, Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода ва дигарон, ки аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо мебошанд, иштирок накарданд. Зеро бо тасмими Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба онҳо барои ширкат дар мусобиқот оид ба гуштии миллӣ иҷозат дода нашуд.

Зимнан, мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ гуштигирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ ва ғайра шомиланд.

Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист. Ҳамасола дар Тоҷикистон 22-юми март ҳамчун Рӯзи гуштигирон таҷлил карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллӣ – «гуштигирӣ» мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG