То интихоботи президентии Туркия ду моҳи дигар мондааст. Ба бовари нозирони интихоботӣ, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, моҳи май дар муқобили чолиши азимтарин қарор хоҳад гирифт, ки номаш "Гандии туркӣ" аст. Чӣ гуна?
Камол Қиличдоруғлу, раҳбари ҳизби мухолифи ҳукумат дар Туркия, моҳи март гуфт, ки дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад. Ӯро шаш ҳизби дигар пуштибонӣ карданд. Ислоҳот, коҳиши салоҳиятҳои президент ва бозгаштро ба демократияи порлумонӣ ваъда дод.
Бенгу Шаб Бубакар, сардабири Halk TV, гуфт: "Қиличдоруғлу мегӯяд, ман танҳо не, дар машварат кор мекунам. Суботи иқтисодӣ ва мурооти ҳуқуқи башарро дар Туркия ваъда медиҳад. Бояд фаромӯш накунем, ки Камол Қиличдороғлу солҳои дароз дар сиёсат ва бюрократия ҳузур дошт, аммо ҳеч гоҳ дар коррупсия гумонбар нашудааст."
Қиличдороғлуи 74-сола Ҳизби ҷумҳуриятхоҳи халқро аз нав эҳё кард. "Раҳпаймоӣ ба хотири адолат", ки ӯ созмон дод, роҳро аз Анкара ба Истанбул фаро гирифт ва чолиши азимтарин барои президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон гардид.
Аз панҷ ҳавзаи интихоботии калонтарини Туркия Қиличдороғлу дар чор ҳавза, аз ҷумла дар Истанбул, ки истеҳкоми сиёсии Эрдуғон ба ҳисоб меравад, ғалаба ба даст овардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Мунтақидонаш мегӯянд, Қиличдороғлу ба мисли Эрдуғон чеҳраи харизматикӣ нест, вале зилзилаи пурфоҷеаи моҳи феврал, ба бовари онҳо, метавонад, маҷрои сиёсии кишварро дигар кунад.
Сезин Оней, таҳлилгар аз "Politikyol", мегӯяд, "ӯ гуфт, ки тамоми низом мушкили ҷиддӣ дорад ва мо бояд ҳамроҳ коре бикунем. Мо бояд ин кишварро ба хотири ҳама аз нав беҳтар кунем, чунки бисёр чиз дуруст нест."
Дар интихобот шояд мавзӯи дин барои Қиличдороғлу як садде шавад. Чун ӯ аз фирқаи либералии алавии исломӣ аст ва бисёре аз мусулмонони муҳофизакор дар Туркия онро "бидъат" мешуморанд.
Алавиҳо давоми қарнҳо дар Туркия бо табъйиз рӯбарӯ буданд. Таҳлилгарон мегӯянд, азбаски давоми бист соли раҳбарии Эрдуғон танише миёни сиёсату дин вуҷуд дошт, эҳтимол интихобкунандаҳо ин навбат бештар сари масоили иқтисодӣ таваҷҷуҳ кунанд.
Зайнаб Оламдор аз Донишгоҳи Окани Истанбул гуфт: "Ба назари ман, кишвар ва бахусус ҷавонон хеле пешрафт кардаанд ва дигар ба масоили динӣ нигоҳ намекунанд. Манзурам ин ки иқтисод дар рукуд ва сатҳи таваррум як даҳшат аст. Буҳрони пул ва афзоиши қарз мушоҳида мешавад."
Ба эътилофи Камол Қиличдороғлу гурӯҳҳои гуногун – миллатгароҳову исломиҳо ва чапу ростгароҳо – шомил шудаанд. Ӯ ваъда додааст, ки ба тафриқагузории сиёсиву қавмӣ поён медиҳад ва ҳамин шиор ҳам метавонад, мавқеи Эрдуғонро суст кунад.
Гуфтугӯ