Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон дар назарсанҷиҳо аз мухолифони худ "ақиб мондааст"


Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу

То интихоботи президентии Туркия ду моҳ мондааст. Чаҳор назарсанҷӣ рӯзи 13-уми март нишон дод, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз рақиби худ камаш даҳ зина ақиб аст. Бори аввал аст, ки дар ду даҳаи раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҷойгоҳи ӯ дар назарсанҷиҳои наздик ба санаи интихобот то ин ҳад ларзон шуда.

Коршиносони умури Туркия ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд вазъияти кунунӣ "бузургтарин фурсат" барои мухолифони Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ҳизби ҳокими "Адолат ва рушд" аст, то битавонанд ӯро шикаст диҳанд.

Шаш ҳизби мухолифи Туркия ҳафтаи гузашта бо ташкили як "Эътилофи миллӣ" Камол Қиличдороғлу, раҳбари ҳизби "Ҷумҳуриятхоҳи халқ"-ро ҳамчун номзади муштарак барои рақобат бо Эрдуғон муаррифӣ карданд. Ҳарчанд бархе аз ин аҳзоб то чанде пеш ба надоштани ҷозибаи кофии Қиличдороғлу барои раҳбарӣ, таъкид мекарданд.

Раҳбари мухолифон дар яке аз назарсанҷиҳо 10,2 дарсад, дар назарсанҷии дувум 11,5 дарсад, дар назарсанҷии севум 13,6 дарсад ва дар назарсанҷи чаҳорум 14,2 дарсад болотар аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҷой гирифтааст.

Интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия рӯзи 14-уми май дар ҳоле баргузор мешавад, ки ду зилзилаи маргбори моҳи гузашта боис ба ҳалокати беш аз 46 ҳазор нафар дар ин кишвар шуд ва ҳазорон бино дар 11 вилоят ба таври комил вайрон шуданд.

Тарзи расондани кумак ба бозмондагон танқидҳоро аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ҳизби ҳоким дар пай доштааст, аммо ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", ҳанӯз маълум нест, ки пайомадҳои зилзила чӣ таъсире дар интихобот дошта бошад. Мухолифон низ огоҳ ҳастанд, ки дар сурати пирӯзӣ, бо мушкили калоне дар ин замина рӯбарӯ ҳастанд.

Ба бовари коршиносони як муассисаи бритониёӣ, мухолифон барои ҳифзи бартарии кунунӣ ё афзоиши ин фосила бо рақиби худ, бояд то рӯзи интихобот ҷабҳаи ягонаи худро ҳифз карда ва як барномаи воқеӣ пешниҳод кунанд. Ин коршиносон мегӯянд, ҳанӯз зуд аст, ки фотеҳаи Эрдуғонро дар қудрат хонд, зеро ӯ як "муборизи фавқулода" аст, ки мумкин аст варақро ба нафъи худ баргардонад.

Назарсанҷиҳои нав нишон додаанд, ки мизони коҳиши маҳбубияти ҳизби "Адолат ва рушд" феълан камтар аз маҳбубияти худи Эрдуғон аст.

Мирвиҳ Тоҳироғлу, мудири барномаи Туркия дар Пажуҳишкадаи демократияи Ховари Миёна дар Вашингтон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, "беш аз ҳар вақти дигар дар 20 соли гузашта, далелҳое дорем, ки нисбат ба пирузии мухолифон хушбин бошем".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG