Раисҷумҳури Сурия гуфтааст, ба шарти он ки Туркия нерӯҳои худро аз шимоли ин кишвар берун кашад, бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот хоҳад кард. Ин изҳоротро Башор Асад рӯзи 16-уми март ва баъди суҳбат бо раиси ҷумҳури Русия ба расонаҳои русӣ баён дошт.
Робитаҳои Анқара ва Димишқ пас аз оғози ҷанги дохилии Сурия ба тирагӣ гароид ва Кремл ба дунболи оштӣ додани ҳукуматҳои ин ду кишвар аст. Башор Асад ба расонаҳои русӣ гуфт, мулоқот бо Эрдуғон замоне имконпазир аст, ки "Туркия ба таври ошкор ва бе тардид омодаи хуруҷи комили нерӯҳояш аз хоки Сурия бошад".
Ӯ, инчунин, бо ишора ба пуштибонии Туркия аз гурӯҳҳои ниманизомии мухолифи режими Димишқ афзуд, Анқара бояд "ба ҳаргуна ҳимоят аз терроризм поин диҳад".
"Фоидаи чунин дидор чист? Агар натиҷае барои поёни ҷанг надошта бошад, чаро онро барномарезӣ кунем?" -- афзуд раиси ҷумҳури Сурия.
Эрдуғон ва Асад дар аввали 2000-ум пас аз чандин даҳа таниш дар робитаҳо миёни Туркия ва Сурия, талош карданд, муносибатҳоро беҳбуд бахшанд. Бо оғози ҷанги Сурия дар соли 2011, Анқара аз мухолифони мусаллаҳи Башор Асад ҳимоят кард ва Эрону Русия низ ба пуштибонӣ аз режими Башор Асад бархостанд.
Аз соли 2016 то кунун Анқара дар шимоли Сурия чанд бор алайҳи нерӯҳои курд даст ба ҳамлаи низомӣ зад ва ҳузури низомии худро дар минтақаҳое аз шимоли ин кишвар ҳифз кардааст.
Туркия чанд пойгоҳи низомӣ дар шимоли Сурия таъсис дод ва ҳазорон нерӯи худро дар ин минтақа ҷобаҷо кардааст. Анқара ҳамчунин монеи тасарруфи дубораи ин минтақа аз сӯи артиши Срия таҳти ҳимояти Русия шудааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи панҷшанбе гуфт, барои мулоқоти эҳтимолии Асад ва Эрдуғон "бояд чандин нишасти муқаддамотӣ вуҷуд дошта бошад, ки дар ҳоли анҷом аст. Ин раванд идома дорад".
Дипломатҳои Русия, Туркия, Сурия ва Эрон қарор аст ин ҳафта дар Маскав гирдиҳам оянд, то пеш аз нишасти эҳтимолии сарони ин кишварҳо дидори вазирони корҳои хориҷии худро ҳамоҳанг кунанд.
Дар ин шароит, Башор Асад ба миёнравии Русия дар робитаҳои Туркия ва Сурия таъкид кард ва гуфт, "мо ба тарафи русӣ бовар дорем, аммо дар чорчӯби сиёсати Русия дар заминаи эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо ва хуруҷи нерӯҳои хориҷии ғайриқонунӣ аз хоки Сурия".
Эрдуғон, ки замоне Башор Асадро "террорист" хонда буд, акнун эълом кардааст, ки омодаи дидор бо ӯст.
Вазирони дифои Туркия ва Сурия моҳи декабри соли гузашта дар Маскав дар ҳузури ҳамтои руси худ дидор карданд, ки ин аввалин мулоқот дар ин сатҳ аз соли 2011 ба ин сӯ ба шумор мерафт.
Гуфтугӯ