Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбекистон ва Ироқ ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни футболбозони то 20-сола роҳ ёфтанд.
Бозиҳои ниманиҳоии мусобиқот дар Узбекистон рӯзи 15-уми март баргузор шуданд. Рақобати дастаҳои Ироқ ва Ҷопон хеле ҷолибу пуршиддат гузашт. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Аз рӯи пеналти футболбозони Ироқ бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуда, ба финал роҳ пайдо карданд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаҳои Узбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ мубориза бурданд. Замони асосии бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар задани зарбаҳои силсилаи пеналти кори бозигарони узбек омад кард ва онҳо бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада, ба финал баромаданд.
Ҳамин тариқ, дар финали Ҷоми Осиё-2023 миёни футболбозони то 20-сола рӯзи шанбеи 18-уми март дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо дастаи Ироқ рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» бо касби 4 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.
Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, баъди анҷоми бозиҳо гуфт, “мутаассифона, мо дар ин мусобиқа аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ набаромадем. Сабаби ба чорякфинал роҳ наёфтани даста ин бохти мо дар бозии аввал аз тими Урдун мебошад."
Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 – Узбекистон, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон - ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола, ки моҳҳои май-июни имсол дар Индонезия доир мегардад, роҳхат гирифтанд.
Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)
Чорякфинал
11-уми март (шанбе)
Эрон - Ироқ - 0:1
Гол: Алӣ Ҷассим, 91.
Тошканд, варзишгоҳи «Жар»
Узбекистон - Австралия - 1:1 (аз рӯи силсилаи пеналти - 5:4)
Голҳо: Зафармурод Абдураҳматов, 79 - Габриэл Попович, 77.
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
12-уми март (якшанбе)
Кореяи Ҷанубӣ - Чин - 3:1
Голҳо: Ким Йонг Хак, 62 (аз пеналти), Сон Ҷин-Ён, 100, Чхве Сок-Хюн, 105 - Мутеллип Имингари, 48.
Тошканд, варзишгоҳи «Жар»
Ҷопон - Урдун - 2:0
Голҳо: Иса Сакамото, 54, Наоки Кумата, 70.
Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»
Нимфинал
15-уми март (чоршанбе)
Ироқ – Ҷопон – 2:2 (аз рӯи пеналти – 5:3)
Голҳо: Алӣ Ҷассим, 12, Муҳаммад Ҷамил, 103 - Такатора Эйнага, 83, Наоки Кумата, 118.
Тошканд, варзишгоҳи «Жар»
Узбекистон – Кореяи Ҷанубӣ - 0:0 (аз рӯи пеналти - 3:1)
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
ФИНАЛ
18-уми март (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 20:00
Узбекистон – Ироқ
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
Гуфтугӯ