Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон овардану фурӯхтани лампаҳои симобдорро манъ кард


Тоҷикистон воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдор ё чароғҳои "кушанда"-ро дар кишвар манъ кард. Қарори ҳукумат дар ин бора аз 1-уми июни имсол ба иҷро даромадааст.

Нусхаи қарор рӯзи 12-уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар он гуфта шудааст, "воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобӣ бо рамзи 8539322001 манъ карда шавад."

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар як маъракаи нимаиҷборӣ соли 2009 сокинон ва корхонаву ширкатҳоро ба насби лампаҳои каммасраф водор кард. Он замон овардану фурӯхтани фурӯзонакҳои тасфон ё "лампаҳои иличӣ" расман манъ шуд.

Ҳадафи ин иқдом сарфаи нерӯи барқ ва аз байн бурдани лимити барқ гуфта мешуд, аммо норасоии барқ дар кишвар ҳамоно боқист ва қисме аз сокинон дар деҳаҳои кишвар дар фасли сармо бо маҳдудият барқ мегиранд.

Дар ивази манъи фурӯзонакҳои симобдор ҳукумат ба Вазорати саноату Кумитаи сармоягузорӣ дастур додааст, ҷиҳати "тақвият додани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар дар ҳудуди ҷумҳурӣ" чора ҷӯянд.

Ҳоло дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон аксаран лампаҳои камасрафи симобдор ва ба таври пинҳонӣ фурӯзонакҳои тасфон ё "лампаҳои иличӣ" фурӯхта мешаванд. Онҳоро асосан аз Чину Русия меоранд.

Дар қарори нави ҳукумат дар мавриди сабаби манъи фурӯзонакҳои симобдор шарҳе нест, аммо зоҳиран ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз зиёни симобҳо рӯйи даст гирифта шудааст. Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани ин гуна фурӯзонакҳо шеваи ҷаъмоварӣ ва безарар гардонидани онро ба роҳ андохта натавонист. Аз ин рӯ, бахши аъзами чунин фурӯзонакҳо дар қатори ашёи дигар ба патовгоҳҳои маъмулӣ партофта мешаванд, ки симоби он хориҷ шуда, атрофро олуда ва муҳити зистро заҳрогин мекунад.

Лампаҳои каммасрафи диодӣ ба фарқ аз симобдор рӯшноии бештар ва барқи камтар мегиранд, аммо нархи гаронтаре доранд.

Ба ҳисоби миёна, агар лампаҳои симобдор аз 5 то 20 сомонӣ арзиш доранд, лампаҳои диодӣ вобаста ба навъ ва андоза аз 60 то 100 сомонӣ нарх доранд. Ҳарчанд муҳлати истифодаи дувумӣ ба маротиб бештар аст, маълум нест оё сокинон тавони харидани чунин лампаҳоро хоҳанд дошт ё на.

XS
SM
MD
LG