Ташкилоти СММ оид ба ғизову кишоварзӣ (FAO – Food and agriculture organization of UN) гуфт, баҳори соли 2022 тавонист маъракаи бомуваффақияти мубориза бо ҳамлаи малахи марокаширо баргузор кунад. Гузорише, ки ин созмон рӯзи 4-уми март дар вебсайташ нашр кард, мегӯяд, минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз мебошанд, моҳҳои марту апрели соли 2022 шоҳиди ҳамлаи афзояндаи малахҳои марокашӣ шуданд ва хатари паҳншавии афзояндаи он ба минтақаҳои дуртар аз марзи ин кишвар, мисли Самангону Бағлон ҳам пеш омад.
“Бо сабаби амалҳои саривақтии таҳти назорат гирифтани вазъият дар Тоҷикистон, аз хатари осеб дидани маҳсулоти кишоварзиву амнияти ғизоӣ дар минтақаи Хатлон пешгирӣ шуд". Ба навиштаи FAO, дар натиҷа, вазъи маишиву амнияти ғизоии 20 ҳазор хоҷагӣ дар Тоҷикистон аз ҳамлаи малах ҳимоят карда шуд.
Масъулини ин созмон мегӯнд, бо маблағи наздики 152 ҳазор доллар дар даҳ ноҳияи аз малах осебдидаи Тоҷикистон, яъне Данғара, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Панҷ, Қубодиён ва Шаҳритус чорабиниҳои вобаста ба мубориза бо малах, аз ҷумла дорупоширо ба роҳ монданд. Тахминан 132 ҳазор га замин дар ин минтақаҳо бо маводи дорувори пешгирикунандаи афзоиши малах фаро гирифта шуд.
Муаллифон мегӯянд, ки доруҳои зидди малах ва маъракаҳои дигар барои наҷоти бисёрсолаи дону маҳсулоти кишоварзӣ, боғу чарогоҳҳои маҳаллӣ ва ҳам амнияти ғизоии ҳазорҳо сокини ин минтақаҳо мусоидат кард.
Ҳамлаи малахро деҳқонон як офат барои замин ва ҳосили он медонанд. Моҳи маи соли 2021 дар Тоҷикистон аз хароб шудани 87 ҳазор гектар кишти заминҳои кишоварзон хабар доданд. Мутахассисон мегӯянд, як селаи малах дар масоҳати як километри муррабаъ метавонад дар як рӯз 35 ҳазор аҳолиро аз ғизои кишоварзӣ маҳрум созад.
Гуфтугӯ