Понздаҳ миллион ё беш аз як миллиард доллар?
Чин мегӯяд, дар соли 2022 ба Тоҷикистон ба ду миллиарду 217 миллион доллар бор фиристод. Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон арзиши колоҳои воридшударо аз кишвари ҳамсоя камтар аз 842 миллион доллар сабт кардаанд. Дар ин миён як миллиарду 375 миллион доллар “гум” шуда. Чӣ гуна?
Як мансабдори Хадамоти гумруки Тоҷикистон фарқи омори додугирифтро бо Чин ҳамагӣ "беш аз 15 миллион доллар" шумурд. Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамот, рӯзи 15-уми феврал гуфт, “ин рақам аниқ ва пурра аст. Пул аз тариқи бонкҳо гузаронда шудааст. Касе ғайринақдӣ бурда наметавонист, рафтуомад набуд."
Ӯ дар мавриди онки пас чӣ гуна фарқи омори Пекин бо Душанбе ба садҳо миллион доллар мерасад, посухи дақиқ надод. Дар мавриди ба бовараш "беш аз 15 миллион доллар тафовут" гуфт: “Ин фарқият аз ҳисоби асосан хароҷоти нақлиёт ҳисоб карда мешавад. Хароҷоти баъзе нақлиётро худи Тоҷикистон месупорад."
Ҷониби Чин ҳеч вақт тафовути омори додугирифтро бо Тоҷикистон шарҳ надодааст, вале ҳар сол ҳангоми натиҷагирӣ аз кори яксола ин баҳс рӯ мезанад. Ин фарқ дар соли 2021 ҳудуди як миллиард доллар буд.
Як мансабдори тоҷик ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "Чин ба хотири нишон додани иқтидораш омори додугирифтро бо Тоҷикистон аз будаш зиёд нишон медиҳад", вале нагуфт, ки чаро Душанбе вокуниш намекунад.
Ба ин тартиб, маълум нест, Пекин омори маҳсулоти содиротияшро ба Тоҷикистон барзиёд нишон додааст ва ё арзиши колоҳои чинӣ дар сарҳади кишвар поин оварда шуда.
Ба нафъу ба зарари кӣ?
Коршинос Амони Асрор мегӯяд, бар асоси қонунҳои иқтисод, арзиши колои воридотӣ аз Чин бояд дар Тоҷикистон бештар шавад, "чун ба он харҷи ҳамлу нақл ва ҳуҷҷатгузорӣ зам мегардад."
"Ин раванд ба содироти коло аз Тоҷикистон ба Чин ҷой дорад. Барои мисол, мақомоти гумруки Тоҷикистон пули моли содиротшударо ба Чин дар соли 2022-юм 368 миллион доллар ҳисоб кардаанд. Арзиши он дар мақомоти гумруки Чин 381,7 миллион доллар сабт гардидаст," -- шарҳ дод ӯ.
Дар гузашта мақомоти гумруки Тоҷикистон фарқро ба гуногунии тарзи ҳисобукитоб рабт медоданд. Бархе омили фасодро аз эҳтимол дур намедонанд. Қаблан як маъмури пешини гумрук изҳор дошта буд, ки қисме аз ин фарқият ба сохтакорӣ рабт дорад.
Дар ин миён Тоҷикистон чандин ширкатро ҳангоми овардани мол аз супурдани андозу боҷи гумрукӣ озод кардааст ва қисми зиёде аз ин молҳо аз Чин меоянд. Эҳтимол Чин дар омораш онро сабт мекунад ва як сабаби ба вуҷуд омадани фарқият мешавад.
Коршинос Амони Асрор мегӯяд, дар ҳар сурат, "дар баробари он ки буҷети давлат садҳо миллион долларро аз даст медиҳад, зарба ба истеҳсолоти ватанӣ ва суст шудани раванди саноатӣ кардани кишвар аст. Тоҷире, ки кораш харидуфурӯш аст, аз воридоти моли арзону омехта ба фасод шояд фоида бинад, аммо соҳибкоре, ки ба истеҳсолот машғул аст, зиён хоҳад дид,” – шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Чин солҳои охир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзии хориҷии Тоҷикистон низ аз Чин аст.
Намояндагони созмонҳои мухолифон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои вобастагии шадид аз Чин танқид мекунанд, вале мақомот мегӯянд, дар муносибат бо кишварҳо, аз ҷумла Чин, "ҳадди" худро медонанд.
Гуфтугӯ