Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Оё воқеан лаҳҷа забони адабиро дар Тоҷикистон танг кардааст? ВИДЕО


Лаҳзае аз барномаи Гапи Озод.
Лаҳзае аз барномаи Гапи Озод.

Солҳои ахир дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳам лаҳҷаро мешунавед. Вазир аст, раис аст, ё ҳар каси дигар ҳеч эътиное ба забони адабӣ намекунад ва бо ҳар лаҳҷае, ки хоҳад гап мезанад.

Аҳволи бадтар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки на танҳо забони гуфторӣ, балки забони навишториро ҳам ба лаҳҷаи ғализ табдил додаанд.

Чаро? Роҳҳои ҳалли масъала чӣ аст? Мавзуи имрӯзи барномаи Гапи Озод дар ҳамин бора аст. Меҳмонони мо Абдураҳим Зулфониён, намояндаи Кумитаи забони Тоҷикистон ва Зафар Суфӣ журналист.

Чанд иқтибос аз барнома:

Абдураҳим Зулфониён: Мо дар кишвари соҳибистиқлол ба сар мебарем, дар кишвар мо барои ҳифзи забони модарӣ, саъю талош мекунем ва забони мо дар доираи забони меъёр истифода бурда мешавад ва нишасту бархостҳо бояд танҳо дар доираи забони меъёр роҳандозӣ карда шавад.

Зафари Суфӣ: Забон яке аз асоситарин муқаддасоти як миллат аст. Дар ҷаҳон мисли мо камтарин миллатро метавон дид, ки ба қавли Бозор Собир ҳарчӣ аз моли дунё дошт дод. Ҳамсуҳбати ман гуфтанд, ки дар давлати соҳибистиқлол ба забон аҳамияти зиёд медиҳанд ва дар сатҳи боло эътибор медиҳанд. Агар воқеан эътибор дода мешуд, вазъи забон ба инҷо кашида намешуд. Ҳамсуҳбати ман ҷаноби Зулфониён мегӯянд, ки ҳукумат ҳама чораҳоро ҷуста истодааст, ки забони меъёри адабӣ кор гирифта шавад, аммо вазирону мансабдорони ҳукумат меъёрро хароб мекунанд.

Абдураҳим Зулфониён: “Бубинед мо дар бораи меъёри забони адабӣ ва сатҳи риояи он дар коргузориҳои мақомот суҳбат дорем. Дуруст аст, ки дар ҷаласаҳо ва чорабиниҳои расмӣ меъёри забони адабӣ риоят шавад, вале дар вақти гуфтугу ҳатман меъёри гуфтори адабӣ ба эътибор гирифта шавад. Дар вақти санҷишҳои Кумитаи истилоҳот ҳамин паҳлуи масъала ба назар гирифта мешавад ва мутаасифона дар коргузориҳо идораҳо кам эътибор медиҳанд ва намояндаҳои кумита ба ин нуктаҳо таъкид мекунанд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Чаро лаҳҷа ҷойи забони адабиро гирифтааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:35:24 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG