Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба Туркия сафар кард


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко имрӯз, 13-уми феврал, барои анҷом додани ҷамъомади таълимию тамринӣ ба шаҳри Анталияи Туркия сафар кард.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи «Истиқлол», ҷамъомади даста дар Туркия то рӯзи 28-уми феврал идома меёбад. Дар доираи омодагӣ ба мавсими нав қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дар Анталия бо дастаҳои хориҷӣ чаҳор бозии санҷишӣ баргузор мекунад.

Зимнан, «Истиқлол» ҳайаташро бо ду бозигари собиқаш - аъзои тими миллии кишвар Алишер Ҷалилов ва Эҳсони Панҷшанбе мустаҳкам кардааст. Роҳбарияти бошгоҳ бо ин ду нимҳимоятгар, ки пас аз ҳунарнамоӣ дар хориҷа ба даста баргаштанд, шартномаи дусола ба имзо расонид.

Ҳамчунин бархе аз бозигарони даста ба бошгоҳҳои футболи Узбекистон гузаштанд. Ҳимоятгар Аҳтам Назаров, ки аз соли 2013 дар “Истиқлол” бозӣ мекард, бо бошгоҳи Суперлигаи Узбекистон - “Андиҷон”-и шаҳри Андиҷон шартномаи дусола баст.

Нимҳимоятгари “Истиқлол” Муҳаммадҷон Раҳимов фаъолияти худро дар бошгоҳи футболи “Насаф”-и Қаршӣ, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Узбекистон ширкат мекунад, идома медиҳад. Муҳлати шартномаи ин футболбоз бо бошгоҳи наваш то охири мавсими ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, ситоди тиббии бошгоҳи “Истиқлол” аз ҳисоби мутахассиси рус – табиби барқарорсозӣ Лилия Сидоркина пурра гардид. Вай фаъолияташро соли 2011 дар Академияи бошгоҳи «Рубин»-и Қазон оғоз намуда, сипас дар маркази барқарорсозии «Локомотив»-и Маскав идома дод. Сидоркина соли 2017 ба ситоди тиббии бошгоҳи футболи «Уфа» дохил шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2020 ба ҳайати дастаи «Зенит»-и Санкт-Петербург пайваст. Вай дар ситоди тиббии ин бошгоҳ бо тими занона ва ҷавонони «Зенит-2» кор мекард.

Пеш аз сафар ба Туркия “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аввалин бозии санҷишӣ анҷом дода, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳоро Манучеҳр ва Алишер Ҷалиловҳо, инчунин Ромиш Насруллозода ба самар расониданд.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” аввалин бозии санҷиширо дар мавсими нав бо роҳбарии сармураббии ҷадид аз Русия, шогирди футболи тоҷик Игор Черевченко, собиқ бозигари тими миллии Тоҷикистон, баргузор кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG