Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни зилзила дар Туркияву Сурия ба 34000 расид


Туркия баъд аз зилзила.
Туркия баъд аз зилзила.

Шумори қурбониёни заминларзаи рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ба беш аз 29,5 ҳазор нафар ва тибқи иттилои "Al Jazeera", дар Сурия ба 4,5 ҳазор расидааст.

Ҳамчунин дар ҳар ду кишвар зиёда аз 80 ҳазор кас захмӣ шуда, садҳо ҳазор нафари дигар бехона мондаанд. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд ва дар онҳо наҷотбахшон аз 70 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон ширкат доранд.

Мақомоти турк дар робита ба фурӯрезии баландошёнаҳои зист тафтишотро оғоз ва беш аз 100 касро дастгир кардаанд. Зиёда аз 50 кас ба ғоратгарӣ айбдор мешавад. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, онҳо аз ҷавобгарӣ озод нахоҳанд шуд.

То кунун дар бораи наҷоти муъҷизаосои бозмондагони зилзила гузориш мерасад. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал хабар дод, ки наҷотбахшони кишвар як тифли шашмоҳаро ҳамроҳи падараш аз зери вайронаҳо зинда берун овардаанд.

Заминларзаи мудҳиши 7.7 дараҷаӣ шаби 6-уми феврал аввал Туркия ва чанд соат баъд бо неруи 7.6 дараҷаи ҷадвалри Рихтер Сурияро такон дод.

Хонаҳои зиёде дар ҳарду кишвар аз ҷумла ёдгори таърихӣ ва биноҳои қадима осеб диданд ва ё аз байн рафтанд. Дар Туркия барои се моҳ вазъи фавқуллода эълон карданд.

XS
SM
MD
LG