Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Дамирбек Олимов: "Як сол гузашт, вале аз пеши чашмам намеравад" ВИДЕО


Дамирбек Олимов дар моҳи феврали соли 2022 дар як садама ҷон бохт
Дамирбек Олимов дар моҳи феврали соли 2022 дар як садама ҷон бохт

Волидонаш мегӯянд, аз марги овозхон Дамирбек Олимов як сол гузашт, аммо таҳаммули набуданаш барои хонадон ҳар рӯз бештар мегардад.

Офият Мансурова, модари Дамирбек Олимов, гуфт: “Ҳар рӯзу ҳар соат аз пеши чашмам намеравад. Ҳар дафъа сурудашро шунавам, ба дилам дард медарояд. Ҷисму ҷонам меларзад.”

Офият Мансурова
Офият Мансурова

“Ростӣ, то ин дараҷа пай набурда будам, ки шӯҳратёр аст. Дар оилаи мо шӯҳратпарастӣ нест. Тӯли як сол аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барои дуохонӣ меоянд,” – идома дод падараш Ботурбек Олимов.

Мошини Дамирбек Олимови 33-сола шаби панҷуми феврали соли 2022 дар роҳи Хуҷанд-Сомғор, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба садама дучор шуд.

Худаш дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Ду навозандааш ҷон ба саломат бурданд, вале маҷруҳ шуданд.

Дертар мақомот дар онҷо деворҳои муҳофизатии иловагӣ гузоштанд. Аломати гардиши роҳ аз нав насб шуд. Дӯстону ҳамкасбонаш мехоҳанд, ба ёди Дамирбек Олимов дар маҳалли ҳодиса санги хотира гузоранд.

Толиб Карими Озарахш, шоири тоҷик, пешниҳоди дигар дорад: “Бисёр хуб мешавад, ки дар як гӯшаи Ғончӣ (Деваштич), як боғаки Дамирбекро бисозанд. Дӯстонаш ҷамъ шуда, “Дамирбекхонӣ” кунанд. Ё дар Хуҷанд ва ё дар Душанбе ин корро кунанд. Хеле орзу дорам.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Як сол бе Дамирбек. Хотираи волидон ва ҳамкорон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Дамирбек Олимов соли 2011 аввал бо таронаи "Зулфони майда" муаррифӣ гардид. Дертар бо таронаи "Дунё" машҳур шуд. Дар Коллеҷи ҳунари ба номи Содирхон Ҳофиз хондааст.

Ду албоми таронаҳояшро ба номи “Масти тарона” ва “Дунё” ба ҳаводорон пешкаш кард. Албоми сеюмашро бояд баҳори гузашта муаррифӣ менамуд, вале фурсат наёфт.

Ботурбек Олимов
Ботурбек Олимов

Ботурбек Олимов, падари Дамирбек Олимов, мегӯяд, “дар тӯли як сол мактаби мусиқии бачагона ба хотири Дамирбек барномаи консертӣ монд. Ин таъриф нест, вале гуфта метавонам, ки мактаби худашро дорад. Ҳарчанд аз устодони соҳа омӯхтааст, равияву сабку услуби худашро дорад.”

Дамирбек Олимов зодаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ва фарзанди Ботурбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар минтақа аст. Аз худ се фарзанду чандин суруд гузошт. Охирин сурудаш "Бачагиям" буд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо сониҳа ё садамаи нақлиётӣ рӯй медиҳад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, иддае маҷруҳу маъюб мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG