Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Аврупо нисбат ба Русия, ба далели ҷанги зидди Украина, бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо на танҳо содироти маҳсулотро ба Русия бас кардаанд, балки онро афзоиш додаанд. Афзоиш бо мадади дубора содирот кардани маҳсулот тавассути кишварҳои пешини Шӯравӣ сурат гирифтааст.
Дар ин бора хабаргузории РБК-и Русия бо такя ба гузориши созмони пажуҳишии Euromonitor International иттилоъ дод.
Ба хабари мақомоти омори Аврупо, содирот аз Иттиҳоди Аврупо ба Русия баъд аз ҷорӣ кардани таҳримҳо, аз моҳи март то ноябри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 47 дарсад коҳиш ёфта, 36,6 миллиард евроро ташкил додааст.
Ҳамзамон содироти маҳсулоти аврупоӣ ба Русия тавассути Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Узбекистон ва Қирғизистон аз моҳи март то ноябри соли 2022 48 дарсад афзуда, 20,3 миллиард евроро ташкил додааст.
Ба иттилои Euromonitor, Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба вижа он маҳсулотеро ворид кардааст, ки таҳти таҳрим қарор доранд.
Вайдотас Землис-Балевичус, коршиноси Euromonitor International мегӯяд, ҳамсояҳои Русия ба он кишвар дар дарв задани таҳримҳои Аврупо кӯмак кардаанд.
Дар соли гузашта кишварҳои аврупоии амсоли Кипр, Юнон, Люксембург, Эстония, Литва, Чехия ва Руминия бештар аз дигарон ба кишварҳои пешини шӯравӣ мол содир кардаанд.
Гуфтугӯ