Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 24 зани ҳомила дар як сол дар Хатлон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як соли охир дар вилояти Хатлон 24 марвиди марги занони ҳомила ҳангоми таваллуд сабт шудааст.

Масъулони Раёсати тандурустии Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ин рақам дар муқоиса ба соли 2021 чаҳор ҳолат зиёд аст.

Шаидулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, гуфт, марги навзодон назар ба солҳои пеш кам шудааст.

Дар гузашта марги шаш зан бо тифли батнашон дар ноҳияи Қубодиён боис ба барканории ду масъули соҳаи тандурустӣ дар минтақа шуда буд.

Як сабаби марги занон ҳангоми таваллуд бемории камхунӣ ва мушкили иқтисодиву набудани ғизои солим гуфта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG