Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мақомоти баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва Украина


Урсула вон дер Лейен, президенти Кумисюни Аврупо ва президенти Украина Владимир Зеленский дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев. 2-юми феврал
Урсула вон дер Лейен, президенти Кумисюни Аврупо ва президенти Украина Владимир Зеленский дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев. 2-юми феврал

Субҳи 3-юми феврал дар шаҳри Киев ҷаласаи муҳими сарони Иттиҳоди Аврупо ва Украина шуруъ шуд.

Дар ҳамон вақт садои бонги хатар тамоми фазои Украинаро фаро гирифт. Мақомот аз сокинон талаб карданд, ки дар паноҳгоҳҳои наздиктарин пинҳон шаванд. Дар моҳҳои охир ҳамлаҳои пайвастаи мушакҳои Русия хатҳои барқро хароб карда, ҷони чанде аз сокинонро гирифт.

Дар ҷаласаи раҳбарони аврупоӣ ва президенти Украина Владимир Зеленский қарор аст ёрӣ ба Украина дар қабули ин кишвар ба узвияти Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шавад.

Урсула вон дер Лейен, президенти Кумисюни Аврупо, ки 2-юми феврал ҳамроҳи 15 мақомдори аврупоӣ вориди Киев шуд, дар нишасти матбуотӣ бо Зеленский эълон кард, ки ба зудӣ бастаи нав ва даҳуми таҳримҳо алайҳи Русия қабул мешавад.

Рӯзи 3-юми феврал Вон дер Лейен ва президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел бо Зеленский давраи навбатии музокиротро барпо мекунанд.

Зеленский рӯзи панҷшанбе гуфт, Украина сазовори ин аст, ки нақшаҳои узвияташро дар Иттиҳоди Аврупо дар муколамаҳои соли ҷорӣ баррасӣ кунад. Ӯ гуфт, ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо украиниҳоро дар ҷанги зидди артиши Русия бештар ташвиқ хоҳад кард.

Моҳи июни порсол Украина мақоми номзадро ба узвияти Иттиҳоди Аврупо касб кард.

Дар айни замон Брюссел пойфишорӣ мекунад, ки пеш аз шурӯи музокираҳо дар талошаш ба узвияти Иттиҳоди Аврупо Украина ҳам бояд дар самти ислоҳоти демокративу иқтисодӣ ва решакан кардани коррупсия иқдом кунад. Эҳтимол ҷараёни қабули ин кишвар ба узвияти оилаи аврупоӣ солҳо тӯл кашад.

Зеленский дар навбати худ ваъда додааст, ки бо фасоду ришват дар сохторҳои давлатӣ мубориза мебарад.

Рӯзи 1-уми феврал манзили чанд мақомдори баландпояи украинӣ аз ҷониби ходимони Оҷонси зидди коррупсия кофтукоб шуд. Вон дер Лейн ҳам тақозо кард, ки мубориза бо коррупсия корсоз бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG