Сару садоҳои он ки баромадани муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия аз ин кишвар манъ шудааст, ҳарчӣ бештар мешаванд. Чанд муҳоҷири тоҷику қирғиз дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз он шикоят карданд, ки ба онҳо иҷоза дода нашуд, аз Русия берун раванд. Марзбонон ба онҳо гуфтаанд, номашон дар рӯйхати басеҷ ё сафарбарӣ ба артиш ҷой дорад ва бояд то 12-уми феврал Русияро тарк накунанд.
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик мегӯяд, бори охир моҳи декабри соли 2022 гурӯҳе аз зодаҳои Тоҷикистонро пулиси Русия дар як рейде бо ҳадафи мобилизатсия ё басеҷ боздошт карда буд.
– Шумо дар бораи рейд ё амалиёти пулиси Русия алайҳи муҳоҷирон чӣ иттилоъ доред? То куҷо чунин рейдҳо зиёд шудаанд ва оё ин амали пулиси рус қонунӣ аст?
– Охирин паём аз боздошти муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, шаби соли нав ба ман расид. Ба фикрам, инҳо 14 зодаи шаҳри Конибодоми Тоҷикистон буданд. Онҳо шаҳрвандии Русияро доштанд. Барояшон гуфтаанд, ки мобилизатсия шудаанд ва яке аз онҳо худкушӣ кардааст. Ин шаҳрвандон худашон ба ман муроҷиат накарданд, хешованди муҳоҷире, ки худро кушт, ба ман дар ин бора хабар дод. Ин ҳолат ҳангоми амалиёти басеҷ рух додааст. Моҳи сентябр ва октябр дар бораи сафарбаркунӣ касе муроҷиат накарда буд. Як нафар 4-уми январ занг зада гуфт, бо вуҷуди он ки шаҳрванди Русия нест, ба ӯ даъватнома ё “повестка” омадааст. Ман ба ӯ маслиҳат додам, ки ба ҳеч ваҷҳ ба комиссариати ҳарбӣ наравад ва суроғаи зисташро иваз кунад. Бегуфтугӯ чунин рейдҳо ғайриқонуниянд. Агар мобилизатсия тамом шуда бошад, онҳо ҳақ надоранд, ки ба шаҳрвандон даъватнома супоранд. Махсусан вақте одамонро вобаста ба миллату маҳал боздошту басеҷ мекунанд, ин ҷиноятест вазнин, ки то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, аммо, дареғ, дар Русия барои кормандони давлатӣ қонун вуҷуд надорад.
– Тоҷикистониёне, ки душаҳрвандӣ доранд, яъне ҳам шаҳрвандии Русия ва ҳам Тоҷикистон, бояд чӣ кор кунанд? Оё мақомот ҳақ доранд, ки онҳоро ҳам даъват кунанд?
– Афсӯс, мақомот ба даъват кардани онҳо ҳақ доранд. Ман ба чунин шаҳрвандон маслиҳат медиҳам, ки аз Русия бираванд. Ба ягон кишвари дигар раванд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ чандон ғамхор нестанд, муҳоҷирон бояд дар кишварҳои дигар кор биҷӯянд. Масалан, ба Қазоқистон сафар кунанд ва ҳаққи иқомати муваққатӣ гиранд ё ба Арманистон рафта, кору зиндагии худро ба роҳ монанд. Ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия медиҳам, ки агар шаҳрвандии Қирғизистонро аз даст додаанд, ба ин кишвар баргарданд ва дархости шаҳрвандӣ кунанд. Бисёр умед дорам, Қирғизистон шаҳрвандони собиқи худро қабул мекунад.
Дар Узбекистон ин кор шуда истодааст. Аз ин кишвар ба ман касе дар бораи гирифтани даъватномаи хидмати ҳарбӣ нанавиштааст. Як ҷавоне буд, ки аз шаҳрвандӣ маҳрум шуда буд, вақте даъватнома гирифт, ба Узбекистон баргашт. Он ҷо ӯ санади бозгашт ба ватанро гирифт. Наздиконаш дар Қазоқистон буданд. Ӯ ба он ҷо рафт ва иҷозаи иқомат гирифт.
– Агар муҳоҷирон аз шаҳрвандии Русия даст кашанд, чӣ мешавад? Онҳо чунин ҳақро доранд?
– Шумо метавонед ҳар қадаре хоҳед, даъватҳоро қабул накунед, вале ин набояд ба маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ сабаб шавад. Аз шаҳрвандии Русия баромадан осон ҳам нест. То замоне ки Шумо вазифаҳои худро дар назди давлат ва шаҳрвандон иҷро накунед, касе Шуморо аз шаҳрвандӣ берун намекунад. Барои ҳамин, ватанро ба нархи як патент нафурӯшед. Набояд шиносномаи русиро бигиред.
– Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Бастрикиин пешниҳод кардааст, ки зодаҳои Осиёи Марказиро бештар ба ҷанг фиристанд. Ба назари Шумо, гап дар бораи чӣ теъдод меравад?
– То ҷое медонам, беш аз 500 ҳазор дар 5 соли ахир шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ҷойи аввал Тоҷикиcтон аст, ки тақрибан 280 ҳазор нафар шиносномаи Русияро гирифтаанд. Дар давраи аввали басеҷ, дар моҳҳои сентябр ва октябри соли гузашта, муроҷиатҳо бештар аз собиқ шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Онҳо бештар ба ман занг зада, аз даъвату ҷалб шуданашон ба ҷанг мегуфтанд.
Гуфтугӯ