Дар Қирғизистон барои мубориза бо фейк ва дасткории иттилоъ ҳафт расона муттаҳид шуда, сомонаи Checkit Media-ро таъсис доданд. Ин тарҳ ва сомона бо ёрии молии созмони Интернюс таъсис шуд.
Чунин тарҳеро расонаҳои Қирғизистон соли 2020 амалӣ карда буданд.
Он замон чаҳор расона, аз ҷумла Factcheck.kg, “ПолитКлиника”, T-Media.kg ва “Апрел ТВ” муттаҳид шуда, сомонаи “Медиа-БлокПост”-ро ташкил карданд ва зидди дурӯғпароканӣ дар мавриди вабои коронавирус мубориза бурданд.
Талошҳои муштараки расонаҳои Қирғизистон дар маъракаи интихоботии соли 2020 низ давом кард.
Дар Қирғизистон мушкили саҳифаҳои дурӯғин дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд сол аст, ки давом дорад. Саҳифаҳои дурӯғин ё фейкӣ дар маъракаҳои интихоботӣ ва чорабиниҳои оммавӣ фаъол мешаванд. Онҳо талош мекунанд, ки афкори иҷтимоиро ба самти барои соҳибони сарвату қудрат даркорӣ равона созанд.
Гуфтугӯ