Тоҷикистон ва Қирғизистон соли гузашта барои таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои ҳамдигар бурсия ҷудо накарданд.
Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси шартномаҳои ҳукуматӣ ду кишвар ҳамасола барои таҳсили донишҷӯён бурсия ҷудо мекарданд.
Рамазон Одиназода, мудири Маркази барномаҳои байнулмилалии Вазорати маориф, 2-юми феврал гуфт, феълан дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик мондааст. Боқимондаи донишҷӯёни тоҷик, ба гуфтаи Одиназода, ба Тоҷикистон омада, дар донишгоҳҳои кишвар таҳсилро идома доданд.
Ин масъули Вазорати маориф афзуд, дар Тоҷикистон донишҷӯёни қирғизистонӣ таҳсил мекунанд "ва ягон мушкилот надоранд". Рамазон Одиназода нагуфт, ки чанд донишҷӯи қирғиз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистону Қирғизистон кай ба ирсоли донишҷӯён ба кишварҳои ҳамдигар шуруъ мекунанд. Мудири Маркази барномаҳои байнулмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ин кор баъд аз барқарор шудани равобити ҳамсоягӣ ва "таҳаммулпазирии тарафи дигар" имконпазир аст.
Баъд аз ду муноқишаи калон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон равобити ду кишвар ба тирагӣ гароид. Солҳои 2021 ва 2022 донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ шуданд.
Гуфтугӯ