Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистону Ироқ дар Туркия бидуни гол хотима ёфт


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор кардааст.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомад аввалин бозии санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик 23-юми январ дар маҷмааи варзишии «Арслон Закӣ Демирчӣ» бо мунтахаби ҷавонони Ироқ (U-20) бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Бозии санҷишӣ

Тоҷикистон (U-20) – Ироқ (U-20) – 0:0

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Суҳробхуҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов, Алиҷони Айнӣ, Салам Ашӯрмамадов, Ҳамадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода.

23-юми январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Закӣ Демирчӣ».

Футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия боз шаш бозии санҷишӣ баргузор мекунанд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) рӯзи панҷшанбе, 26-уми январ, муқобили бошгоҳи Суперлигаи Узбекистон - «Бухоро», ки ба он дастпарвари футболи тоҷик Ҳаким Фузайлов роҳбарӣ мекунад, бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Зимнан, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) бозӣ хоҳад кард.

Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Узбекистон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2023 дар Индонезия мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG