Дар ду рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои то 22-сола, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, аз се варзишгари тоҷик танҳо як нафар пирӯзӣ ба даст овард.
Абубакр Муродзода дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило дар аввалин рақобати худ бар муштзани Чин Минг Янг бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Абубакр дар даври дуюм имрӯз, 20-уми январ, бо Талгат Сиримбетов аз Қазоқистон вориди рақобат мешавад.
Вале дар сабқати мардон Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило дар даври аввал аз Ҷерико Акайлар (Филиппин) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.
Ягона намояндаи Тоҷикистон дар сабқати занон - Бибинишастамо Холова - дар вазни то 60 кило дар даври муқаддамотӣ ноком шуд. Вай қувваозмоиро ба Номин Ерден Тусгжаргал аз Муғулистон бо ҳисоби 1:4 бохт.
Чаҳор муштзани дигари тоҷик рӯзи шанбеи 21-уми январ ба сабқат мепардозанд. Дар даври аввал Довуд Маҳмудов дар вазни то 71 кило бо Собирҷон Аккаликов (Қазоқистон), Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кило бо Аиликути Канаев (Чин), Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни то 80 кило бо Виирапон Ҷонгҷоҳо (Тайланд) ва Асадбек Маннонов дар вазни беш аз 92 кило бо Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон) рақобат мекунанд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё (ASBC U-22), ки миёни писарону духтарон бори дувум баргузор шудааст, 149 муштзан (95 писар ва 54 духтар) аз 20 кишвари қора - Узбекистон, Камбодҷа, Чин, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Лаос, Малайзия, Муғулистон, Непал, Покистон, Филиппин, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Шри-Ланка, Тоҷикистон, Тайланд ва Ветнам – иштирок доранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 мард ва 1 зан дохиланд:-57 кг – Хусравхон Раҳимов
-60 кг – Абубакр Муродзода
-71 кг – Довуд Маҳкамов
-75 кг – Абдумалик Болтаев
-80 кг – Шаҳбоз Ҳаитов
+92 кг – Асадбек Маннонов
-60 кг – Бибинишастамо Холова
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо иштироки 109 муштзан аз 12 кишвар баргузор шуд, 11 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, як нафар медали тилло гирифт. Муштзани ҷавони тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар рақибаш Рустам Урусбек уулу аз Қирғизистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.
Гуфтугӯ