Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 барои анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ рӯзи 19-уми январ ба Туркия расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-20) Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 26 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ҷалб кардааст.
Нимҳимоятгари дастаи «Атирау»-и Қазоқистон Хусрав Тоиров ва бозигари дастаи «Краснодар-2»-и Русия Алиҷони Айнӣ дар ҳайати бошгоҳҳои худ дар Анталия қарор доранд ва дар бозиҳои санҷишии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ширкат меварзанд.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия ҳафт бозии санҷишӣ баргузор мекунанд. Маълумот дар бораи рақибон баъдтар нашр хоҳад шуд.
Зимнан, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) бозӣ хоҳад кард.
Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Узбекистон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2023 дар Индонезия мешаванд.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов («Хатлон»), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло (ҳама аз «Динамо»), Диёрбек Марауфов («Равшан», Зафаробод), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Меҳрубон Каримов (бе бошгоҳ);
Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Салоҳиддин Эргашев («Металлург», Узбекистон), Азизбек Ҳаитов («Хуҷанд»), Фатҳулло Олимзода, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов (ҳама аз «Динамо»), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Истаравшан»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Узбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Равшан», Кӯлоб), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Суннатулло Азизов («Хатлон»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Олег Кубарев (Беларус).
Гуфтугӯ