Дар Тоҷикистон санади наве ҳукми иҷро гирифт, ки ба ниҳодҳои тафтишотӣ иҷоза медиҳад, аз ин пас бар асоси видео ва ё иттилое, ки дар Интернет нашр шудааст, касеро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанду ҷазо бидиҳанд.
"Агар ба навор гирифтед…"
Дар Кодекси ислоҳшудаи мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон, ки Маҷлиси миллӣ рӯзи 16-уми декабри соли 2022 қабул кард, омадааст: «Дар моддаи 144, ки аз ин пеш фақат иттилоъ дар расонаҳо, аз ҷумла нашрияву телевизиону радиоро барои боз кардани парванда сабабу асос медонист, калимаи интернет ҳам изофа карда шавад.»
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳангоми қабули ин қарор гуфтанд, мақсад аз ислоҳ «мутобиқ кардани Кодекс ба талаботи қонунҳои дигари Тоҷикистон аст» ва «пешбурди саривақтии тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ». Нусхаи нави кодексро Радиои Озодӣ ҳам дид.
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, тағйири кодекси мазкур талаботи замон аст ва зоҳиран вакилон онро бо назардошти пешрафти фанновариҳои (технологияҳо) мухобиротӣ ислоҳ кардаанд.
Ӯ рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Агар ягон чизро ба навор гирифтед ва он тариқи Фейсбук ё Майл.ру пахш шуду дастраси ҷомеа гардид ва дар ташаккули афкор таъсиргузор буд ва ё мавриди нороҳативу нигаронӣ гардид, прокурору дигарон асоси ҳуқуқӣ доранд, ки парванда боз кунанд.”
То замони ислоҳи Кодекси мурофиавии ҷиноӣ ҳам дар Тоҷикистон афроди зиёдеро баъди нашри видео ва ё аксе ба ҷавобгарӣ мекашиданд ва ё ҷарима мебастанд.
Намунае аз он сарнавишти маъмури иҷрои амрҳои додгоҳ аз ноҳияи Вахш Саиднуриддин Шамсиддинов аст, ки соли 2021 бо як муроҷиати видеоӣ дар Фейсбук аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хост, ба додаш бирасад, вале худашро ба 8.5 сол зиндон маҳкум карданд. Ӯ то ба Додгоҳи қонуни асосӣ ва ё Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳам шикоят бурд, вале шикояташро рад карданд.
"Мардумро солҳост, ки ҷазо медиҳанд"
Ба қавли Ҷамшед Ёров, вакили дифои муқими Аврупо, тағйир дар Кодекси мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон дасти мақомотро барои таъқиби мунтақидон ва онҳое, ки мақомот хуш надоранд, бозтар мекунад.
Ӯ рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин тағйирот ягон дигаргуние намеорад. Аллакай мақомот мардумро барои нашри навор дар интернет солҳост, ба ҷазо мекашанд. Ин тағйирот фақат дуруст кардани кодекс асту тамом. Дар асл касе ҳам диққат намедиҳад, парванда ба кадом асос оғоз шудааст. Қарор оид ба оғози парвандаи ҷиноӣ кофист. Дигар на прокурору на суд ба ин (сабабу асос) диққат намедиҳанд.”
Шокирҷон Ҳакимов ҳам мегӯяд, тағйирот дар Кодекси мурофиавии ҷиноӣ ва васеътар кардани доираи асосу сабабҳо барои боз кардани парванда метавонад, аз тарафи мақомоти интизомӣ суистифода шавад.
Ӯ афзуд: “Дар шароити Тоҷикистон, ки адолати судӣ вуҷуд надорад, усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ нест ва низоми адолати судӣ таҳти назорати порлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нест, суистифода доим вуҷуд дорад ва авлавият дорад.”
Мусоҳибони Радиои Озодӣ ислоҳотро дар Кодекси мурофиавии ҷиноӣ як фишанги дигаре барои маҳдуд кардани озодии сухан дар Тоҷикистон номиданд. Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои маҳдуд кардани ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла озодии баён пайваста танқид мешавад. Танҳо дар соли гузашта дар кишвар ҳафт блогеру рӯзноманигорро дастгир ва бо иттиҳомоти гуногун аз 7 то ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.
Онҳоро, ки фақат дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро менавиштанд ва ё мушкилоти ҷомеаро инъикос мекарданд, муфаттишон ба нашри иттилои дурӯғу ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд. Кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо борҳо аз ҳукумат хостаанд, ки ба озодии сухан, ки ки Қонуни асосӣ бар ҳар як шаҳрванди кишвар кафолат додааст, эҳтиром бигузорад.
Гуфтугӯ