Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаво дар Тоҷикистон то охири ҳафта сард мемонад


Тибқи пешбинии ҳавошиносон, то охири ҳафта ҳаво дар Тоҷикистон сард хоҳад буд. Бар асоси иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 21-уми январ дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво шабона то 8-9 дараҷа хунук шуда, рӯзона танҳо то 1-2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво аз Душанбе ҳам сардтар хоҳад буд. То охири ин ҳафта, ҳаво дар вилояти Суғд шабона то 11 дараҷа ва рӯзона то 2-5 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳам тақрибан айни ҳамин вазъи боду ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона то 22 ва рӯзона то 5 дараҷа сард хоҳад шуд. Мутахассисон мегӯянд, чунин сардии ҳаво дар 15 соли ахир бесобиқа аст.

Сардиҳои камсобиқа аз 10-уми январ оғоз шуд ва ин ҳолат барои сокинон мушкилиҳои зиёдро эҷод кардааст. Дар рӯзҳои сард даҳҳо нафар сокинони пойтахт аз низоми барқу гармидиҳӣ шикоят доранд. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар ин рӯзҳои сард низоми гармидиҳии Душанбе чандон фаъол нест ва наметавонад манзилҳоро гарм кунад.

Инчунин ба гуфтаи сокинон, нерӯи барқ ҳам соатҳо хомӯш мешавад ва онҳо намедонанд, ки манзилҳои худро бо чӣ гарм кунанд. Бар иловаи дуруст кор накардани низоми гармидиҳӣ ва қатъ шудани интиқоли барқ, камбуди об яке аз мушкилии дигари сокинон дар ин рӯзҳо аст.

Мақомот гуфтанд, бо сабаби сардии шадид қубурҳо ях бастаанд ва онҳо талош доранд тариқи мошинҳои обкаш сокинонро бо об таъмин кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG